Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҷанг сар намешуд, Абдувоҳид-ака дар паҳлуи хонаю даҳлез айвону хонан нав бино мекард. Тирамоҳ писари калониаш хонадор мешуд.
Ӯ дар бадали ин се сол ба сӯзи талафоте ки ба сараш дар катори кӯп мерасид, одат карда буд. Ҳазорон хонаҳои сӯхта хокистаршуда... Шаҳрҳо, деҳаҳои вайрону валангор... Ҳалокати йигитҳои нозанин, ки аз сад гулашон ҳанӯз яктоаш нашкуфтааст...
Ҳамаи инро дида, албатта, чашми кас сахт мешавад. Бо вуҷуди он қуфли даратонро шикаста, болори ба нияти хайр тайёркардаатонро баранд, алам намекунад? Боз дар як вақте ки шумо ба ҳифзи ин мардум, ба хотири амнияти онон ба майдони ҳарб рафтаед. Се бор аз дами марг гашта, маъюби якпоя шуда меоед. Дар ҳолате ки ҷигарбанди шумо дар ин роҳ ҷони ҷавон қурбон кардааст ва аз ин шумхабар ҳаққу ҳамсояҳо, бешубҳа, огоҳанд.
Фақат якта шаҳпулро мондаанд хонасӯхтаҳо. Нӯҳ болори хона, сутун ва ҳафт болори айвон нест. Ҳамин ҳам инсоният шуд?
Абдувоҳид-ака аз дари боғ берун омад.
– Ҳамин ҳам инсоният шуд?! – ин дафъа бо овози баланд хашмгинона гуфт Абдувоҳид-ака ва дарҳол аз ғояти оташинӣ худ ба худ гап заданашро пай бурда, саросема ба атроф нигарист.
«Ноодамӣ, харигарӣ...» дар дил дашном дод ӯ.
Саидмурод бели чӯбини ҳамсояро оварда, болои бом баромад ва ба барфбелкунӣ сар кард. Дере нагузашта, худи ҳамсоя омад, ки бо се бачаи хурдсол бева монда буд. Зан салом додан замоно ҳиқ-ҳиқ ба гиря даромад. Баъд нолаву фиғонаш торафт баландтар шудан гирифт.
– Гӯр ҷанг шавад! Хонумони ҷангара сӯзад! – навҳа мекашид зан.
Абдувоҳид-ака аз қабили мардҳои нармдиле буд, ки зан ё кӯдаки гирёнро бинад, даступо гум мекунад. Вай як умр ба қадри ҳоли худ ба одамон сардорӣ, раҳнамоӣ мекард. Дар фронт ҳам дастаи начандон калони худро зери тирборони ҳариф ба ҳамлаҳо мебурд. Лекин ҳоло гиряи ҳамсоязан сари калобаи ӯро гум карда буд.

пешина
аз 248
навбатӣ