Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
– Бас, хоҳарам, гиря накунед. Шукри бачаҳотона кунед, – рӯ турш намуда, ҳамин қадар тасаллӣ дода тавонист ӯ.
– Ака, аз гуноҳи мо гузаред. Болорҳотона мо сӯхтем, – гуфт зан. – Касал будам, як параха ҳезум набуд.
Абдувоҳид-ака чизе нагуфт. Чӣ гуфтанашро намедонист.
Акнун, ки гунаҳгор маълум шуда, дар рӯбарӯяш меистод, намедонист, ки оташин шавад, ё суханҳои таскиномезашро давом бидиҳад. Ӯ дузди болорҳоро дигар хел тасаввур карда буд. Дузд ба назари хаёлаш марди чолоку пурзӯри бемурувват ва густохе буд. Ҳоло Абдувоҳид-ака ҳайрон шуда, ба камзӯлу калӯши дарбеҳии зан хомӯш менигарист. Дар дилаш мегуфт, ки ҳанӯз сисола нашуда, ба мӯяш сафедӣ, ба гирди лаб ва чашмонаш оҷинг афтодааст...
– Як дам ба хонаи мо намеоед? – беҷуръатона пурсид зан оби дидагонашро пок карда.
Ӯ боз ҷавоб надод.
Чанд дақиқа пеш ӯ ҳамин бевазанро хонасӯхта гуфта, дашном дода буд. Вай бошад, бе ин ҳам хонавайрон аст.
Саидмурод дар лаби бом истода, ба гуфтугӯи онҳо гӯш медод.
– Ра-ра-равед, амак, ин ҷо хунук. Ман ҳам ҳоҳ-ҳо-зир меоям, – гуфт ӯ ва боз чизе илова кардан мехост, ки нисфи калима дар даҳонаш монду забонаш гирифт ва ночор белро кашолакунон ба он сӯи бом рафт.
Дар хонаи ҳамсоя вақти зинда будани шавҳараш Абдувоҳид-ака боре меҳмон шуда буд. Он вақт тоқчаҳо пур аз мисинаи нави дурахшону тобон буд. Дар рафҳо – қатори зарфҳои рангоранги чинӣ. Акнун аз ҷиҳози пешина фақат як сандуқи нимдошт мондааст. Дар тоқча – чанд косаи сафол, чароғи ҳафтуми шишааш аз бонкаи консерв сохташуда. Дар қаҳтию гармою сармои зиндагӣ се бачаро бе мардина хӯронида, пӯшонидан кори ҳазл нест, албатта.
Эҳтимол, болорҳоро ҳам фурӯхта хӯрда бошанд. Чаро ки ин қадар ҳезумро панҷ сол сӯзӣ ҳам, боз зиёдӣ мекунад.
Зан кӯрпаҳои таҳмонро саросема афтонида, аз так як кӯрпачаи навтарро гирифта, ба кодоки сандалӣ аз болои пӯстаки буз густарид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё