Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вақтҳои охир хоболуд шудаам.
Саидбек велосипеди кадоме аз писараммаҳояшро савор шуда, ба почтаи Сочак равон шуд. Роҳравон фикр мекард, ки як-ду маротиба аз ин пеш ҳам бобо ба оҳанги васият сӯҳбат карда буд. Аз пир шуданаш ҳазломез сухан сар мекарду гӯё дар бораи ташкили ҳашар барои андоваи бому девор ё токгӯркунӣ гап мерафта бошад, зимнан таъкид мекард, ки соҳиби мурдаю зиндаи бобо Саидбек аст. Фаромӯш накун, мегуфт табассуми фарохе карда, ёру ошнои бобоят, шукр, бисёр. Одам мӯл меояд. Ба дилат нагир, баъзе таъиноти майда-чуйда ҳам дорам. Барои оши худоӣ биринҷи нағз мехарӣ. Мо мардуми Чину Мочина иззат мекунем, аммо биринҷашон ба девзираи мо расида наметавонад.
Ба фикри мани пир ҳамту. Аз бозор мехарӣ, аз нархи магазин қиматтар бошад ҳам, майлаш. Пул ҳаст. Равғани зағир ҳаст. Ду чоба. Мегӯӣ, ки камтар равғани дунба омезанд.
Худоия, Бек, тӯй барин карда мегузаронӣ.
Саидбек ночор гӯш дода менишаст. Барои мӯйсафедон ин гуна сӯҳбатҳо одатист. Ҳамин ки аломатҳои пирӣ пайдо шуданд, ғами гӯру кафанашонро мехӯранд, то ки ташвиши ворисон ҳарчи камтар шавад. Агар фаразан касе лаб кушояд, ки монед ҳамин гапҳоя, сиҳат-саломат гаштаед, мана ҳозир ҳам хушу хурсандона чақ-чак карда нишастаем, чи лозим муҳокимаи масъалае, ки ба кадоме аз солҳои дури оянда дахл дорад ва кас намехоҳад аз ин хусус ёдовар шавад?..
Агар касе ба ҳамин мазмун эътироз кунад, ҳатман боз як силсилаи дарози панду андарз хоҳад шунид. Оид ба ин ки ба дунё омадан ҳасту рафтан ҳаст. Омадан фарз бошад, рафтан қарз аст. Дар ин нукта ҳаргиз ҷои гуфтугузор нест. Ҳеҷ кас то ҳоло ба дунё сутун нашудааст. Ба ҳақиқат бо дидаи боз ва дили бебок бояд нигарист ва ҳоказо.
Дафъаи охирин, ки оғози зимистон ба зиёраташ омада буданд, ба Нигор низ чанд сухан гуфта буд, ки аз он бӯи васият меомад. Ҳамон дафъа пеш аз намози хуфтанаш, баъди он ки хешу табори дуру наздик ба хонаҳошон рафтанд, ӯ набераарӯсашро дар рӯ ба рӯи худ нишонида ва аз рӯи одати худ ба чеҳраю чашмони ӯ аз наздик бо диққат нигоҳ карда пурсид:

пешина
аз 248
навбатӣ