Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
– Ин писар, – ӯ ба сӯи Саидбек сар афшонид, – туя озор намедиҳад-а?
– Не, бобоҷон, озор намедиҳанд. Худатон медонед, чиба мепурсед, бобоҷон?
– Боз як бор, ба ҳар эҳтимол, пурсидан даркор буд, духтарам, нозанинам.
– Ин хел гапҳоя нагӯед, бобоҷон. Ман медонам барои чӣ мегӯед. Нагӯед, бобоҷонам, илтимос, нагӯед.
– Хайр, Нигори бобо, намегӯям. Лекин аз ту ҳам якта хоҳиш дорам. Бигӯям?
– Марҳамат, бобоҷон, бигӯед.
– Аввал ин ки аҳл бошед. То охир. Хайр?
– Хуб, бобоҷон.
– Сонӣ, ба писараки ман, – ӯ боз ба тарафи Саидбек ишора кард, – якта... писар зоида те... Хайр?
Нигор сар хам карда, рухсори арғувонӣ гаштаашро аз назарҳо пинҳон кард.
– Хайр? – исрор мекард бобо.
Нигор дастони сероҷинги боборо гирифта навозиш кард, ба рӯяш, ба пешониаш молид.
– Ҳа, бале, офарин, нозанини бобо, марҳами ҷони бобо, – гуфт Сангинбек ва осудаҳолона нафаси тӯлоние кашиду ба рӯи болинҳо ёзид...
Саидбек ба Нигор телеграмма фиристод. Ба омаду рафти ӯ ақаллан ним соат сарф нашуда буд. Дар бозгашт ҳанӯз ба нимаи роҳ нарасида, фарёди фиғономези аммаашро шунид, ки аз даргузашти падар ба аҳли қишлоқ хабар медод. Саидбек дид, ки мувозинатро гум мекунад, дар зини велосипед дигар худро рост дошта наметавонад. Фаромада онро то масофае етаккунон тохт. Баъд дар таки девори кадоме аз ҳамқишлоқиёни бобо партофта, пиёда давид.
Пирамарди ҳамсоя манаҳи боборо баста буд. Аммо дар рӯи ҷилди сафеди болин, дар заминаи риш ва аракчини сафеди Бузург суфи ҳамранги манаҳбанд ноаён буд. Дар чеҳраи Бузург ҳамон лабханди сабуки ӯ нақш баста буд. Гӯё ҳамон суханони чанд дақиқа қабл аз ин гуфтаашро ба забони ҳол такрор менамуд, ки мардумон дар талош бо нафси худ оҷиз меоянду ҳамаи айбро ба гардани шайтону васвасаи вай ҳавола мекунанд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё