Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Бинобар ин вазъияти худро тағир дода, ба ҷавон рӯй овард ва поҳояшро ба замин устувор намуда, бо як зӯр кафи худро ёзонид ва аз фишори сахт наҷот дод. Акнун кафҳо ва ангуштони ҳарду ба ҳамдигар ба андозаи баробар печида буданд.
Мушаке дар чеҳраи Муҳаммадмурод ҷунбид. Дар чашмони лаҳзае нимпӯшкардааш оташи кина барқ зад, ӯ мехост бори дигар зӯр ба кор бурда, дасти паҳлавони номдорро боз дар кафи фарохаш бупечонад, аммо Аҳмадбек дар ин асно дасти холии худро ба китфи ӯ гузошта бо мулоимат гуфт:
– Ақаллан боратро ба замин мемондӣ...
Дар оҳанги сухани Аҳмадбек як тобиши таънаомезе шунида мешуд. Гӯё ӯ гуфтан мехост, ки дар олам одоби муомила гуфтанӣ чиз ҳаст. Бо шахсе, ки сазовори эҳтиром аст, халта дар бағал вохӯрию пурсупос намекунанд.
Муҳаммадмурод нимҷуволаро ба замин гузошт. Лекин замини таки халта магар ноҳамвор буд, ки вай ба сӯе майл кард. Муҳаммадмурод нимҷуволаро андаке ҷунбонида устувортар карда монд. Халта акнун оҳиста-оҳиста сӯи дигар майл кардан гирифт. Он гоҳ Аҳмад-ака даҳони ресмонпечи нимҷуволаро ба дасти чапаш печонида озод бардошт ва ба девори хонае, ки дар паси он ҳар ду меистоданд, такя кунонида монд.
Ҷавон ин ҳаракати ӯро дида, зери лаб «ҳм» гӯён заҳрхандае кард.
– Писар, – гуфт Аҳмадака рост ба чашмони Муҳаммадмурод нигариста.
Вай мехост ба ҳаққи калонсолиаш такя намуда, паҳлавони ҷавонро насиҳат кунад. Бигӯяд, ки дигар шароб нанӯшад. Шаробро як пора мардум барои хурсандӣ менӯшанд, як пораи дигар, рости гапро гӯем, барои он ки ба назари худ аз будаш зиёд хирадмандтар ва тавонотар намоянд. Муҳаммадмурод паҳлавон аст, паҳлавони хуб аст. Пас на аз ин ва на аз он ҷиҳат ба май нӯшиданаш ҳоҷат нест.
Аҳмадбек мехост ҳамин андешаи худро ба Муҳаммадмурод бигӯяд, вай аз сидқи дил мехост, ки ба паҳлавони ҷавон ба хотири ояндаи вай некие кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё