Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Аммо ба чашмони ӯ назараш афтода, гап дар гулӯяш дармонд. Дар чашмони ӯ ифодаи ошкорои адоват ва тамасхур хонда мешуд.
Вай қабл аз ин ҳам як-ду бор пай бурда буд, ки ин ҷавон ба ӯ зоҳиран арзи эҳтиром кунад ва қариб дуқат шуда таъзимкунон салом диҳад ҳам, дар ботин аз чӣ сабабе бошад, рашки адоватомез мепарварад. Алҳол ки ширакайф буд, кинаи ӯ баръалоина намудор шуда меистод.
Ҳолати Аҳмадбек баякбор тағир ёфт. Дилашро сиёҳие пахш кард. Чунон ғамгин шуд, ки гӯё худи ҳозир дар пеши назараш фалокате сар зада, бинои ифтихор, пояи зиндагонии осудааш банохост сарнагун рафта бошад.
3 Ахмадбек ба тӯйхона ҳамроҳи Салим-муаллим омад.
Онҳо аз кӯдакӣ дар як ҷой калон шудаанд. Ҳарчанд ҷӯраи хамдеҳааш Салим аввал дар омӯзишгоҳи Ғарм хонда муаллим шуд, сонӣ боз чанд сол ғоибона таҳсил карда ба мартабаи директори мактаб ва баъдтар ба раисии Совети қишлоқ расид, бо Аҳмадбек ҳамон ҷӯрагии айёми бачагии худро давом медод.
Онҳоро аз пешгоҳи айвон аз қатори мӯйсафедони обрӯманди деҳот нишонида, ба наздашон лаълиҳои тозаи ширавор, обу мева ва нону чой оварданд.
Қисми асосии тӯй рӯзона гузашта, ҳоло мардуме боқӣ монда буданд, ки меҳмонони махсусан мӯътабар ҳисоб меёфтанд ва мебоист то охири тӯй – то як-ду поси шаб нишаста, хурсандӣ ва чақ-чақ мекарданд.
Дар зери тути калон, дар рӯи суфа тақрибан бист нафар ҷавонон менишастанд: дар болотари давра агроном, муаллимон, духтури ҳайвонот ва дар паҳлуҳо – ҷавононе, ки дар атрофи идораи колхоз ҷунбуҷӯл карда мегарданд ва фаъолони деҳот ба шумор мераванд. Муҳаммадмурод низ дар як гӯшаи ҳамон давра нишаста, аз мусобиқаҳои дар Душанбе ва дигар шаҳрҳо дидааш нақл мекард.
Аён буд, ки дар маъракаи ҷавонон шароб менӯшанд.
Аммо, эҳтимол, барои ҳурмати мӯйсафедон бошад, шаробро ба чойникҳо андохта меоварданд ва ба пиёлаҳо кашида менӯшиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё