Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Ҳаво торик шуда буд. Дар осмон ситораҳо медурахшиданд. Имшаб Саидбек онҳоро дуру дароз, ба фурсат тамошо хоҳад кард. Аммо кор аз ёд наравад, ба худ таъкид кард Саидбек ва аз паҳлӯи рост мушт – мушт сангреза гирифта, даст ёзонида, дуртар аз пайкараш мерехту ба ҳамон тарзе ки дар паҳлӯи чап карда буд, шибба менамуд. Акнун вай дар ин кор, гарчи бори аввал ҳам бошад, малакае ҳосил карда буд.
Пеш аз кӯчонидани сангпораҳо мавқеи ояндаи онро бо дастонаш палмосида, муайян мекард, ки ҷои муносибтарин дар куҷост ва мувофиқи ҳамон, муносиби масоҳати ҳавзак, ё нишебӣ, ё ҷӯяки пайдокардааш аз паҳлӯи худ санг мебардошт ва бехато ба он ҷои нав мерехту бо ангуштонаш ҳар як сангпора ва сангрезаро маҳз дар ҷои худаш устувор месохт.
Ба таври худ ба деворсозони кӯҳистони кишвараш тақлид менамуд.
Ногоҳ чашмаш ба чароғаки сурхи лип-лип хомӯш ва фурӯзоншавандаи ҳавопаймо афтод, ки дар қаъри осмони сиёҳи дара ба самти ҷануб мерафт. Чанд дақиқа мегузараду ҳавопаймо дар фазои водӣ кам-кам ба рост тоб хӯрда, тадриҷан поён меравад ва аз наздикиҳои Деҳнав ба фуруд омода мешавад. Агар ҳавопаймои шабонаро аз паҳлӯ бингарӣ, чароғҳои маҳфилашро мебинӣ ва аз рӯи миқдори он пай мебарӣ, ки он чи гуна тайёраест. Саидбек кӯшиш намуд, ки садои моторҳои онро шунида, муайян кунад, ки кадом хели мусофиркашон аст. Вале шарфаи об дигар садоҳоро пахш карда буд. Фақат аз куҷое, зоҳиран аз ҳамин қарибиҳо «Ҳақ! Ҳақ» гуфта фиғон кашидани чуғзе шунида мешуд. Садои мурғе, ки мардум бехосият ва наҳс мехонанд, ба дилаш лаҳзае ҳузн овард. Ва худи ҳамон дам ривояти ҳалқӣ ба ёдаш расид, ки ин мурғ замоне дар биҳишт маъво доштааст ва рӯзе дар асари фиребгарӣ ба ғазаби парвардигор гирифтор шуда, аз ҷаннат ронда шудааст ва мурод аз «ҳақ!» – гӯён фарёду фиғон кашиданаш ва дар ҷойҳои ноободу дар кӯҳсори дури беодам манзил гузиданаш ҳам маҳз омурзиш талабидан будааст. Ин тавр бошад, ҳарчанд ҷонвари гунаҳгор мешуморанд, дар роҳи тавба ва ислоҳ будааст, аз фикраш гузаронид Саидбек ва дилаш боз андак равшан шуд, ки гарчи дар ин шаби торик ва ин партгоҳи пурхатар ба ӯ ҳанӯз эҳтимоли марг таҳдид мекунад, бо вуҷуди ин мана вай мурғи нолони ноаён барои гуноҳи ҳазорон сол қабл аз ин содиркардаи аҷдоди аҷдодонаш аз мавҷудоти олам афв металабад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё