Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дере нагузашта ӯ ба охир расидани гӯштинро эълон намуд ва ҳама пароканда шуданд.
Аҳмадбек дар ёд дорад, ки Муҳаммадмурод дар иҳотаи як тӯда ҷавонон аз пеши онҳо гузашта мерафту ба сӯи вай қасдан назаре наафканд. Ба ӯ соати дастӣ ва ҷомае мукофот дода буданд ва ӯ бо овози баланд ба атрофиёнаш мегуфт:
– Ҳар дафъа соат медиҳанд. Магазини соатфурӯшӣ кушоям, мегӯям.
Аҳмадбек хаёломез роҳ мепаймуд. Салим-муаллим барои хурсанд кардани дӯсташ ҳазлу шӯхиҳо мекард.
– Чӣ ин қадар таҷангӣ? Наберадор шудию ҳоло ҳам дилат ба гӯштин меравад? Набошад, биё бо ман гӯштин бигир.
– Бо ту?
– Ҳа, чӣ? Фаромӯш кардӣ, дар бачагӣ ҳар рӯз гӯштин мегирифтем. Ба назарам, ду-се бор туро афтонда будам-ку!
Аҳмадбек беихтиёр хандид ва ҳамчунон шӯхиомез ҷавоб дод:
– Рост, дар бачагӣ гӯштин мегирифтем. Лекин ҳоло ту раиси ҷамоа, яъне дар қишлоқи мо Ҳукумати Советӣ ҳастӣ.
Ман оқибати одамонеро, ки бо ҳукумат зӯрозмойи кардаанд, бисёр дидаам...

4 Шӯрбо кайҳо хӯрда шуда буд. Мутрибони ҷавон ҳамчунон нағмапардозӣ мекарданд. Одамони шӯтқарӣ бо ҳамдигар ҳазлу мазоҳ меварзиданд, аския мегуфтанд.
Дар зери айвон нишастагон бештар аз хотираҳои худ нақл мекарданд. Дар давраи ҷавонон мавзӯи сӯҳбат ҳар дақиқа тағир меёфт. Аз байни он давра садои ғафсу ширадори Муҳаммадмурод ҷудо шуда меистод.
– Бачаи аҷоиб, – ба сӯи Муҳаммадмурод ишора карда гуфт Салим-муаллим. – Бо ту ҳатман гӯштин гарифтанист.
– Ҳа, гуфт Аҳмадбек.
– Гирифтугираш ба ман маъқул не. Пагоҳ, албатта, бо ӯ гуфтугӯ мекунам.
– Чӣ мегӯӣ?

пешина
аз 248
навбатӣ