Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
– Худам медонам.
Ногоҳ Аҳмадбек аз андешаи ҷӯрааш пай бурд. Ба ҳар ҳол, Аҳмадбек тамоми умр деҳқони оддӣ буд. Деҳқон мардум аксаран соддадил мешаванд. Ҳамин қадар вақт гузашту Аҳмадбек акнун пай бурд, ки ҷӯрааш дар бораи ӯ чӣ фикре дорад. Оре, ӯ гумон мекунад, ки аз Аҳмадпаҳлавон акнун фақат ном боқӣ мондааст. Ана аз барои ҳамин порсол дар майдони маркази район, дар арафаи иди Октябр ба раиси комитет аз номи худ ҷавоб дода ва Аҳмадбекро аз дохил шудан ба майдон манъ карда буд. Барои ҳамин ҳам ҳоло ӯ дар дилаш аҳд кардааст, ки бо Муҳаммадмурод гуфтугӯ карда, фаҳмонад, ки дигар ба Аҳмадбек начаққад. Хайрият, Аҳмадбек воқеаи имрӯз пешинӣ дар тангкӯча рӯйдодаро ба ҷӯрааш нақл накардааст, вагарна Салим дарҳол Муҳаммадмуродро ба каноре, ё ҳатто ба идораи совети қишлоқ ҷеғ зада, гӯшмоле медод. Агар ҳамин тавр мекард, расо шармандагӣ мешуд-дия.
– Салим, ба дӯсташ муроҷиат кард Аҳмадака бо нимовоз, то ки одамони дар паҳлуҳошон нишаста нашунаванд. Ба ту як чиз гуфтанӣ ҳастам.
– Гӯшам ба ту.
– Додарарӯси маро медонӣ? Ҳа, қассобро. Ҳамин бача як хосият дорад: гӯсфанд, гов, ё гӯсоларо куштанӣ шавӣ ба ӯ аввал нишон деҳ. Гӯсфанд бошад, аз пашми гардану думбааш дошта бо ду даст як бардошта ба замин мемонаду баъд баданашро даст-даст карда мебинад. Гов ё ҷавона бошад, тӯш, таки биқинашро пӯчида мебинад, аз ягон ҷояш дошта андак такон медиҳад. Сонӣ мегӯяд: молатон фалон қадар гӯшт, фалон қадар равған мекунад. Агар ҳавсала кунию баъди куштани мол гӯшту равғанашро баркашида бинӣ, аз гуфташ на як кило зиёд мебарояд, на кам.
– Хайр, ин хел одамро ман ҳам медонам. Нарзии осиёбон ҳам халтаро ба даст мегираду худи ҳамон замон мегӯяд, ки борат фалон қадар.
– Боракалло.
– Хӯш, ту чӣ гуфтанӣ ҳастӣ?
– Вақтҳое ки гӯштин мегирифтам, ман ҳам бо як дидани ҳариф мефаҳмидам, ки чи қадар қувват дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё