Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҷӯраҳо маънидор ба ҳам нигоҳ карда монданд.

5 Моҳи шомхӯрда дар сари кӯҳ баланд шуда, дашту дараро ғарқи нур карда буд. Коҳу хаспораҳои парешони атрофи хирман дар шуои он чун донаҳои сайқалхӯрдаи каҳрабо милтос мезаданд. Чирчиракҳои бисёре суруди ҳазини худро месароиданд ва дар заминаи чир-чири якзайлу ҳузнангези онҳо садои доираю рубобе, ки аз канори деҳа, аз тӯйхона меомад, ба гӯши Аҳмадбек мисли як чизи бегона ва номафҳум мерасид.
Пирамарди посбон дар пеши мошини ғаллакӯбӣ ба рӯи нимкати симинаш ором мехобид. Аҳмадбек ду ҳафта боз рӯзҳо дар ҳамин хирман кор мекард. Гоҳо, баъди кор ҳам гузораш ба ҳамин тарафҳо афтад, ба хирманҷо омада, соате бо мӯйсафед нишаста чой менӯшид ва чақ-чақ карда мерафт.
Ҳоло мӯйсафедро дар хоб дида, ба зери садаи бузурге, ки рӯзона сояи ғафсу ҳаловатбахшаш истироҳатгоҳи деҳқонони атроф буд, омада нишаст. Мехост муддатеро дар ин ҷо, дар саҳрои кушод гузаронида, ғубори дилашро барорад.
Хирманҷой чи хосияте дорад, ки дили марди деҳқон аз ҳасрату алам лабрез бошад ҳам, соате нагузашта, ҳамааш пароканда ва фаромӯш мегардад.
Лекин чаро имрӯз андешаҳои гарон сари Аҳмадакаро тарк намекунад? Дастфишории мулоимхунуконаи Муҳаммадмурод, нигоҳҳои пурадоват ва дар тӯйхона, дар ҳузури мардуми бисёре бо ғарази густохона ва беадабона устухони мағздор фиристодани ӯ, ҳарчанд кӯшиш кунад ҳам, аз мадди назараш дур намерафт.
Ин бачаро ғурури ҷавонӣ, хумори шӯҳрат ва навпаҳлавонӣ саргаранг кардааст, аз дил гузаронид Аҳмадака. Рост мегӯяд Салим, ҳар зотею як хӯе, ҳар кас ҷавонии худро ба таври дилхоҳи худ мегузаронад.
Дар хотири Аҳмадбек баъзе лавҳаҳои айёми ҷавонии худаш аз нав зинда гардиданд. Мулоқот бо Наврӯз-паҳлавон ба хотираш омад.

пешина
аз 248
навбатӣ