Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
– Ҳоло чӣ?
Аҳмадбек дақиқае хомӯш нишасту баъд ҷавоб дод:
– Ҳоло ҳам.
– Набошад, чаро одоби ӯро намедиҳӣ? – Салим-муаллим боз ба сӯи суфаи ҷавонон нишаста ишора намуд.
– Бахил аст. То ҳоло ба гуфтан забонам намегашт. Бахил, синнаш аз бист нагузашта, бахил. Ҳамин ки рӯ ба рӯ омадам, кинаю нафрати дар ваҷоҳаташ нақш бастаро дида, дилам сиёҳ мешавад.
– Ту одами аҷиб ҳастӣ, Аҳмад.
– Ман мегӯям, ки, фараз кардем, ягон каси ману ту барин солхӯрда, бо мурури замон ба таъсири ягон хел... чӣ мегӯянд... муҳити бемаза афтода, хислати бахилӣ пайдо кунад, садқаи сар мегӯию мемонӣ. Аммо бахили бистсоларо бинӣ, чӣ кор мекунӣ? О, ин бедодӣ-ку! Рӯзҳои охир, ҳамин ки рӯ ба рӯ шуд, ба чашмонаш зеҳн мемонам. Бовар мекунӣ, чашми сиёҳ, ки онро одамон ба олуи сиёҳу ба наргису боз ҳазору як чизи зебо монанд кардаанд, ба назарам оруи ҷинҷак ё неши каждум барин менамояд.
– Рост, нигоҳаш ким-чӣ хел сахт ва... – Салим сухани мувофиқ ёфта натавониста, лаҳзае забон хоид ва ниҳоят гуфт: – Касро нороҳат мекунад. Лекин ту ҳам ғалатӣ-дия.
Охир одамизот ҳар хел мешавад. Ту мехоҳӣ, ки ҳама Наврӯз-паҳлавон барин танте, баинсоф бошанд.
– Намедонам. Чизе ки дар дилам ҳаст, ба ту фаҳмонида наметавонам.
Оши палав оварданд. Аҳмадбек корди худро аз ғилоф бароварда, гӯштро реза кардан гирифт. Дар ин дам писари калонии соҳиби тӯй ба назди онҳо омад. Ӯ ба рӯи дастонаш чапотиеро нигоҳ медошт, ки дар болои он устухони сергӯшти мағздоре мехобид.
– Ба тағои Аҳмадбек, – гуфт писарак, ки зоҳиран ин гуна хизматро бори аввал ба ҷо меовард ва аз ин ҷиҳат каме шарм медошт.
– Кӣ дод? – пурсид Салим-муаллим аз дасти ӯ нону устухонро гирифта.
– Акаи Муҳаммадмурод, – гуфт бача ва дарҳол аз айвон фаромада рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё