Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Мувофиқи таомул аз пеши ӯ гузаштан мумкин набуд. Аҳмад таноби аспро ба буттае андармон карда, ба рӯи санге мунтазир нишаст.
Баъди фурсате аз тарафи чашма овоз баромад:
– Ҳой додар, ин сӯ биё.
Марди ношинос миёнбанди худро ба рӯи сабза паҳн карда, ба рӯи он аз сафархалтааш кулчаҳои равғанӣ, қоқ ва тухм гирифта мерехт. Вақте ки ӯ ин корро анҷом дода, қомати баланду таҳамтанонаи худро рост намуд, Аҳмадбек дарҳол пай бурд, ки ин мард паҳлавон аст.
Саломуалеку пурсупос карданд.
– Аз ҳамин қишлоқ мешавӣ? – ба роҳи омадаи Аҳмадбек ишора намуда пурсид марди ношинос.
– Ҳа.
– Дар пеши ман камтар менишастӣ, хуб мешуд, додарам.
Ба танҳоӣ аз гулӯям нонреза ҳам намегузарад.
Марди ношинос кушодарӯёна, бо табассуми дилчаспе гап мезад ва Аҳмадбек ҳарчанд фурсати барзиёд надошт, таклифи ӯро рад карда натавонист.
Ҳар ду дар сари «дастурхон»-и он мард нишаста, кулчаҳои бомазаи равғанинро ба оби чашмае, ки аз наздашон ҷорӣ шуда, пайраҳаро бурида гузашта ба соҳили Ванҷоб мерехт, тар карда мехӯрданд.
Аҳмадбек аспи худро ҳоло ба танаи чормағз баста буд.
Ҷеранд суми дардмандашро хаёле ба замин расонида, вазни худро ба се пои дигараш партофта меистод ва ҳар замон беқаророна фаххос зада ва сар афшонида, ба сӯи соҳибаш нигоҳ карда мемонд.
Марди ношинос номи раиси колхози Аҳмадбекро пурсид.
Ӯ ҷавоб дод. Баъд аз саломатии ду-се нафар оқсақолони деҳа ҷӯё шуд. Аҳмадбек ба қадри имкон муфассал ҷавоб дод.
– Чанд сол пеш дар деҳаи шумо меҳмон шуда будам, – гуфт марди ношинос, – деҳаи хушобу ҳаво аст, халқаш ҳам халқи хушфеъл, одамдӯст. – Баъд боз як кулчаи ба об тар ва нармшударо хоида фурӯ бурду пурсид: – Аҳмадбекро мешиносӣ?
– Кадом Аҳмадбекро? – пурсид ҷавон дар ҳолате ки банохост вуҷудашро ҳаяҷоне фаро гирифту нафас дар гулӯяш печида буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё