Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Дар қишлоқатон чандта Аҳмадбек ҳаст?
– Аз калонсолон якта, – гуфт ҷавон ва хатои худро акнун фаҳмида суп-сурх шуд. Хайрият, марди ношинос дар ин асно даҳони сафархалтаи худро яла карда, аз он ҷо чизе мекофт ва ба ӯ нигоҳ намекард.
– Ман ҳам ана ҳамон Аҳмадбекро мегӯям. Паҳлавонро.
– Дуруст, сиҳат – саломат.
Мегӯянд, ки хеле зӯр ва чолок аст...
– Ҳа, зӯр, аммо ҷавон, – гуфт Аҳмадбек, чӣ гуфтанашро надониста. Вай аз он ки дар бораи худ ҳамчун дар хусуси шахси беруна сухан мекард, дар хиҷолат монда буд.
– Э, паҳлавонӣ аз ҷавонӣ-дия.
– Надонам.
– Ту ҳам гӯштингирӣ, додар, аз андомат маълум. Номат чист?
Сӯҳбат ғайри ихтиёри Аҳмад чунон ранг гирифта буд, ки ӯ дурӯғ гуфт. Дурӯғ нагуфта бошад ҳам, рости гапро ҳам нагуфт. Ана акнун агар номашро бигӯяд, марди ношинос аз ӯ меранҷад. Агар номи дигареро бигӯяд, ба ботлоқи дурӯғ боз бештар хоҳад ғӯтид.
– Ман ҳам гоҳо гӯштин мегирам, – гуфт Аҳмадбек ва дар дил илтиҷо мекард, ки марди ношинос номи ӯро такроран напурсад.
– Бо Аҳмад-паҳлавон майдон доштӣ?
– Ҳа, як-ду бор.
– Афтондат?
– Мо баробарем.
– Рост? – тааҷҷубомез хитоб кард мард ва ҷаста аз ҷояш бархост.
Аҳмад ҳам ба по хест. Мард қаду басту афту андоми ӯро аз сар то по ва баъд аз по то сар кунҷковона аз назар гузаронида, боз табассуми кушоде кард ва хандакунон гуфт:
– Биё, додарам, ҳар ду як гӯштин бигирем.
– О чӣ хел?... – нимғурма эътироз кард Аҳмадбек ва ба сӯи аспаш назаре афканд.

пешина
аз 248
навбатӣ