Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
– Сабр кун, – гуфт марди ношинос ва баъди он ки Аҳмадбек миёни ӯро сар дод, суханашро давом кунонид:
– Биё мӯзаҳоро бикашем ва болотар бароем. Дар болои чашма майдончаи ҳамвор будааст.
Гӯштини онҳо дар майдончаи нав ҳамагӣ чоряк соат давом накардааст. Аҳмадбек ё аз он сабаб, ки феълу хӯи ин мард ба ӯ маъқул афтода буд ва димоғи ӯро сӯзонидан намехост, ё худ аз ин мусобиқаи банохост дар нимароҳи хилват барпошуда ҳанӯз гаранг буду ба худ наомада буд, ҳамаи қувват ва маҳорати худро сарф намекард. Вай дар ҳақиқат ҳам ҳоло фақат сухани ҳамин марди мусофир нашиканад гуфта, ба ин майдони аҷиб даромада буд ва кӯшиш мекард, ки аз ҳилаю тақали ӯ, ки паҳлавони кордида менамояд, ғофил намонад ва наафтад. Фақат як маротиба, вақте ки марди ношинос аз муқаддимаи ниҳоят кашолёфта дилгир шуда, аз миёни Аҳмадбек сахт ба пеш кашида, бо мақсади аз по дарафтонидани паҳлавони ҷавон бо пои чапаш ба банди пои рости ӯ сахт фаровард, Аҳмадбек оташин шуд.
Агар дар ин асно қоматаш рост мебуд, ӯ бешубҳа, ба қафо гумбурросзанон меафтод. Хайрият, ки миёнаш ба пеш моил буд ва аз зарбаи ҳариф лаҳзае ба тарафи рост калавида, дарҳол худро дошта гирифт. Аҳмадбек дар қаҳр шуда як фишшос зад ва боз ким-чӣ гуна садое бароварду миёнбанди ҳарифро дар муштони худ сахттар печонида, ӯро аз замин канда озод ба сар бардошт ва ногоҳ чашмаш ба рӯи марди мусофир афтода, ӯро гашта ба замин гузошт.
Дар чеҳраи паҳлавони ношинос табассуми кушод ва ифодаи тааҷҷубомезе сайр мекард...
6 Бегоҳӣ Аҳмад аз назди духтури ҳайвонот баргашта дид, ки дар ҳавлиашон мардуми бисёре нишастаанд ва раҳматии падараш як тӯда ҳамқишлоқиёнро меҳмондорӣ мекард. Касе дарҳол ҷилави аспро аз дасти ӯ гирифта, ба пешгаҳи ҳавлӣ ба назди охураш бурда баст.
Ба дасти ӯ тангаи вазнинаки сурхи пурҷилоеро доданд.
– Ин чист? – пурсид ӯ бо ҳайрат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё