Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
– Тило. Наврӯз-паҳлавон ба ту дода рафт.
Падараш ва чанд нафар аз меҳмонон сухани ҳамдигарро бурида саросема гап мезаданд. Аз ин нақли пароканда Аҳмадбек ҳамин қадар фаҳмид, ки ҳамон марди ношиноси дар пайраҳа бо ӯ вохӯрда ва ӯро ба гуштингирӣ маҷбуркарда Наврӯз-паҳлавон будааст.
Ӯ ба қишлоқ омада, аз назди идораи колхоз ба хонаи Аҳмадбек кас фиристодааст. Каси фиристода баргашта ба ӯ гуфтааст, ки Аҳмадбек ба Деҳи Боло рафтааст, аспи лангашро ба пеши духтури ҳайвонот бурдааст. Инро шунида Наврӯз-паҳлавон ба назди падари Аҳмад омадааст ва ҳамин тангаи тиллоро дода гуфтааст: писаратонро дар роҳ дида будам, дуо кунед, паҳлавони хуб мешавад.
...Пас аз як сол Наврӯз-паҳлавон дар қатори ҳама ба ҷанг рафт. Аммо дар моҳи аввал, аз гуфти баъзеҳо, худи ҳафтаи аввал ҳалок шуд. Тангаи тило, ки аз ӯ нишона монда буд, ба қавли заршиносони атроф, тилои тозаи кашмирӣ будааст ва он хатҳои аҷиби ношиноси дар як тарафаш нақшёфта низ хатҳои қадимаи кашмирӣ будаанд.
Зани Аҳмадбек он тилоро баъди ба фронт рафтани шавҳараш чун хотираи неке аз як одами нек тахмин ду сол эҳтиёт кард, аммо рӯзе ки муаллимон ва комсомолони қишлоқ барои фронт ёрӣ гӯён аз хонаводаҳои колхозчиён пашм, пӯст ва ҳар гуна либосворӣ меғундоштанд, «соҳиби сарам сиҳат-саломат биёяд, барои ман ҳазор тило» гӯён тангаро ба муаллимон дода буд.
Қиссаи бо Наврӯз-паҳлавон гӯштин гирифтанашро Аҳмадбек на худи он рӯз ва на баъд аз он ба касе нақл накардааст. Баръакс ҳар дафъае, ки он воқеа ба ёдаш мерасид, худ ба худ хиҷолат кашида сурх мешуд, ки аз як шахси аз худаш калонсол, аз як паҳлавони овозадор бо кадом як мулоҳизаи кӯдакона номи худро пинҳон дошта буд. Қиссаи гӯштин аз даҳони худи Наврӯз-паҳлавон паҳн шуда буд. Ӯ ин воқеаро дар чанд ҷой ҳикоят карда, дар охир илова мекард: «Ҳеҷ кадоме аз мо наафтодааст. Аммо ман Аҳмадпаҳлавонро ғолиб медонам. Худо ҳозир, ӯ маро чун меҳмон ва мусофир иззат карда буд...».
Баъд мардум ин қиссаро бо обуранги зиёде пардоз дода, ба таври худ нақл мекарданд ва ҳикоят аз даҳон ба даҳон гузашта, ба шакли достонҳои қадима даромада буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё