Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бо вуҷуди он дастае аз ҳамдиёронаш аз оғӯши осмони тира гузашта сиҳат-саломат ба хонаҳои равшани худ рафтанд.
Аммо ҳоли Райҳони ӯ чӣ шуд?
Нигор духтарчаро ҳамроҳаш ба деҳа бурдан мехост, Саидбек розӣ нашуд. Аз машғулиятҳои боғча намонад, гуфт, ғайр аз ин маълум нест, ки сафарат аз ҷиҳати нақлиёт бароҳат хоҳад буд ё не, гуфт. Чаро ин тавр кард? Магар хуб набуд, ки Райҳонак ҳам аз ҳавои беғубори деҳот ақаллан рӯзе баҳраманд шуда меомад?
Акнун ӯро аз боғча кӣ мегирад? Касе гирифта бошад, ё не? Кӣ медонад, ки духтарчаи майдаяке баногоҳ бепарастор мондааст?
Саидбек чанд бор аҳд карда буд, ки ба мураббия аз рӯи эҳтиёт телефони хонаи додарарӯси хурдиаш Султонро навишта бидиҳад. Яъне агар рӯзе зарурат афтод, ба ҳамин хона сим зада гуфтан мумкин. Боз ҳар дафъа истиҳола мекард, ки ба эҳтимоли рӯйдоди нохуше чораи эҳтиёт дидан гарчи кори ақлона аст, аммо дилнокаш аст. Нияти нек ними давлат. Кӣ медонад, нияти нохуш чӣ оқибате дорад...
Аз равшание, ки аз чароғаки ҳавопаймо ба дилаш афтода буд, осоре намонд.
Чӣ мехоҳад аз ӯ Давид? Аз кори ӯ, аз умри ӯ, аз тақдири ӯ чӣ мехоҳад?
Сардори участкаи сохтмони хатти баландшиддати электр аслан Довуд ном дорад. Аммо ҳанӯз солҳое, ки дар донишгоҳи политехникӣ таҳсил мекарданд, аз ҷӯраҳо, ҳамкурсон илтиҷо мекард, ки ӯро Довуд не, Давид биноманд. Медонист, ки Довуд шакли тоҷикии номи ҳамон чӯпонписари паҳлавон аз қиссаҳои Тавроту Инҷил, ҳамон Давиди машҳурест, ки аз ривоятҳои динии бостонӣ баромада, то ба ин замона расидааст. Аммо Довуди асл ба гӯшаш намефорид.

пешина
аз 248
навбатӣ