Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Агар рӯз мешуд, дидан мумкин буд, ки аз чашмони хунгирифтаи ӯ барқи оташ, оташи кина ва хусумат бармеҷаҳад.
Ҳамин ки тани Муҳаммадмурод аз сояи сада берун шуд, посбони пир ӯро дарҳол шинохт ва бо доду фиғон ба маломаташ даҳон кушод:
– Илоҳо, гарданакат бишканад, сағираи ношукр. Каси дигар ёфт нашуд, ки ту, худобехабар, аз гиребони Аҳмадбек гирифтаӣ? Ҳа, дар қабри бобои ту, муттаҳам...
Дар ин асно воқеае рӯй дод, ки ҳуш аз сари мӯйсафед париду давоми дашному ҳақораташ дар даҳонаш монд.
– Не! – бо тамоми қувват фарёд кашид Муҳаммадмурод.
Наъраи ӯ ончунон зӯр буд, ки лаҳзае ҳамаи садоҳои дашти васеъро пахш карда, то ба шахҳои он сӯи Ванҷоб ва доманаҳои Теғакӯҳ рафта расид ва такрор ба такрор акс ёфта, дар кӯҳу дара ғулғулаи бардавом андохт. – Не! – боз бонг зад паҳлавони ҷавон. – Ту бо ман гӯштини ҳалол мегирӣ!
Инро гуфту бо як хез ба Аҳмадбек расида, ба миёнбанди ӯ чанг андохт. Аммо вай ҳанӯз дасти дуввумашро аз камари паҳлавон нагузаронида, Аҳмадбек чолокона тоб хӯрда, баргашта аз миёни Муҳаммадмурод қапид ва чунон ки штангабардорони пурзӯр ҳангоми гирифтани вазни охирин ва гаронтарин мекунанд, саҳле ба як зону хам шуда, ҷуссаи бузурги паҳлавони ҷавонро болои сар бардошт. Бардошту пайкари бузурги паҳлавони ҷавон дар болои сари ӯ ба чарх задан даромад.
Аҳмадбек чарх мезаду оҳиста-оҳиста ба хирман наздик мешуд. Дасту поҳои дарози Муҳаммадмурод дар ҳаво мисли кӯдаке, ки онро падараш бозӣ медоронад, алвонҷ мехӯрданд.
Посбони пир ин манзараро дида, аз ҳайрат даҳонаш яла шуда монд. Чанд бор асоро баробари риши сафеди худ бардошта, чизе гуфтанӣ шуд. Аммо гуфта натавонист. Ниҳоят асои худро ба пешп пояш кӯфту фарёдкунон гуфт:
– Аҳмад, илоҳо сарат дард набинад. Ҳаққи ин бетамиз ҳамин.
Аҳмадбек ба коҳтӯдаи наздиктарин расида, ҷуссаи Муҳаммадмуродро ба адл миёнаи он андохт.

пешина
аз 248
навбатӣ