Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Баъд ба сӯи сада пас гашту бо тааҷҷуб ба ҳар сӯ нигарист, гӯё чизеро меҷуст. Ба ӯ чунин намуд, ки аз ҳамин қарибӣ чанд кас баробар ва сахт ҳуштак мекашад. Ӯ дар ҷояш истода, гӯшҳои худро маҳкам кард ва фақат акнун фаҳмид, ки дар атроф не, балки чизе дар мағзи сари ӯ ҳуштак мекашад, айнан ҳамон тавре ки бисту чаҳор сол муқаддам дар фронт ба зери хоктуда монда, ба ҳамин дард гирифтор шуда буд.
Вай сахт тарсид, ки аз шиддати ғайримӯътадил ҷисми худро хаста карда, сарашро ба ин балои ногаҳонӣ аз нав андохтааст. Аммо хайрият, баробари тадриҷан пасанда шудани гуп-гупи дил садои ҳуштак низ сусттар гардид ва ниҳоят тамом ғоиб шуд.
– Ма, чои хунук, бинӯш.
Посбони пир чойҷӯши сиёҳеро ба сӯи ӯ дароз кард.
Аҳмадбек аз даҳони чойҷӯш як-ду ҷуръа чой нӯшид ва ба сӯи коҳтӯда нигоҳ кард.
– Вай куҷо рафт?
– Коҳи сару рӯяшро саг барин афшонида-афшонида поён рафт. Вай набераҷиян мешавад ба ман. Худат медонӣ, Аҳмад, лекин ман аз ту миннатдор. Соз кардӣ. Сакалту! – ба тарафи соҳил рӯй оварда дашном дод пирамард ва асозанон дур шуд.
Ҳоло дар ҳар ҷо фақат ягон-ягон чирчирак монда буд, ки суруди худро бе ҳавсала, гӯё бо дили нохоҳам давом медод.
Аз тарафи тӯйхона дигар садое шунида намешуд. Бӯи пудина, коҳу гандуми кӯфта ба димоғи Аҳмадбек басо хуш мерасид.
Вай бо мӯйсафед хайрбод карданӣ шуда, атрофи хирманро давр зад, ба қафои мошини ғаллакӯбӣ гузашт. Вале мӯйсафед наменамуд. Дар дилаш, «хайр, боз саҳарӣ мебинамку» гуфту лаб-лаби ҷӯй роҳи қишлоқро пеш гирифт. Тахмин сад қадам барин масофаро хаёломез тай карда, баногоҳ пас гашт ва аз канори хирманҷой гузашта, ба поён ба соҳили нишеби наҳр равон шуд.
Мӯйсафед дар ними пайраҳа дар зери дарахте рост меистод:
– Канӣ вай? – пурсид Аҳмадбек.
– Ҳӯ ана. Ба соҳил нигоҳ кун.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё