Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Ҳоло сесад нафар зердастонаш Давид Салимич гуфта муроҷиат кунанд, ба рӯи чашмонаш аз ҳисси қаноатмандӣ гӯё пардаи равғанин медавад, нигоҳаш гарму нарм ва навозишкор мегардад.
Гӯё аз пайи нест кардани Саидбек афтодааст ӯ. Аввалҳо рашк мебурд. Ҳасад мебурд, ки ҳамсабақаш гарчи ҳамагӣ сардори як дастаи хурд аст, дар мартабаи як коргари оддист, дар доираи саноати онон шӯҳрати аз ӯ баландтаре дорад. Рафта-рафта рашкаш ба кина бадал шуд. Адовати тарафайн, душмании ду нафар зодаи инсон ба якдигар, фарз кардем, ки ҳодисаи маълум аст. Лекин сабабҳои кинаи якҷонибаро кӣ маънидод мекунад? Кӣ таъбиру тафсир мекунад, ки дар зиндагонӣ ин навъи адоват ҳам мешавад ва ана дар чунин ҳолату дар чунон шароит ба арсаи вуҷуд омада, реша медавонад ва ба чунону чунин натиҷа метавонад бирасонад?
Як сабаби рашки сардорро Саидбек ҳис мекунад, онро ҳам тақрибан, гумономез ҳис мекунад. Идораи ҳамаи онҳо аслан яктост, мухтасар Тоҷикэнерго ном дорад. Аммо ба қитъаи тобеи Давид ӯро дигарҳо оварданд. Сардори корвони мошину механизмҳо Саидбекро аз Норак даъват кунонида оварониду ба Давид Салимов фармуд, ки ӯро ба яке аз бригадаҳои созандаи хатти электр қад-қади Кашолдара сардор таъин кунад. Ин фармоиши сарвари идора рафиқ Люлька, таъкид кард ӯ.
Ана ҳамин нукта ба дили Давид сахт расидааст, бешубҳа.
Як тоифа зотҳоро чунон сохтаанд, ки мантиқи андешаву амалашон гӯё подарҳавост. Онҳо назар ба хайрхоҳонашон, назар ба валинеъматони худ бештар ба касоне дилбастагӣ доранд, ки худашон валинеъмати онҳоянд. Масалан, Аҳмад сарпарасти Раҳмат аст, Раҳмат пуштибони Неъмат. Раҳмат ба ҷои он ки пеш аз ҳама сипосгузори Аҳмад бошад, бештар ба Неъмат меҳрубонӣ дорад, агарчи ҳоло маълум нест, ки дар ивазаш аз ӯ некӣ хоҳад дид ё не.
Ин муаммо ҳам, аз афти кор, аз асрори бекарони дили одамист ва чаро ин тавр аст ва сабаб дар чист, гуфта ба хаёл рафтан дарди сар меораду бас.
Инак, Саидбек ҳарчанд сардори яке аз шаш бригада аст, дар вазифа хеле ва хеле поён аст, фаромӯш накардаанд, ки аз «боло» омадааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё