Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мавҷҳои латифи савти мавзун тамоми ҳастии Саид Амонро фаро гирифтанд. Вай ҳис мекард, ки гӯё ба як ҷисми ниҳоят сабуке мубаддал шудааст ва ҳамроҳи рӯҳи ба риққатомадааш мисли насими саҳаргоҳон нозук тапида, ба ким-куҷое, ба саёҳати ниҳоят гуворои олами ношиносе меравад.
Агар ин одам бе сухан, фақат бо забони торҳои симин аз дунёи эҳсосоташ ба ин тариқа равшану дилпазир ҳикоят карда тавонад, пас, вай одами оддӣ нест. Вай, бешубҳа, эъҷозкор аст. Кӣ дидаасту кӣ шунидааст, ки дар ягон ҷой касе ҳушу ёди аҳли як деҳаро, бигузор он деҳаи бузург набошад, бо таронаҳои сози худ тасхир карда бошад? Ва ин ҳодиса як бор не, мувофиқи нақли одамон, чандин сол инҷониб ҳар рӯзи хушҳавое ки иқлими сернози кӯҳистон ҳадя мекунад, такрор мешавад...
– Ма, меҳмон, чой бинӯш.
– Бародар, илтимос мекунам, бигӯед, чаро ӯ ҳар рӯз менавозад? Мебахшед... Ман гуфтанӣ ҳастам, ки дар ин кирдори ӯ чӣ сирре ҳаст?
– Сирр? Сирре нест. Вай ошиқ асту вассалом.
– Ошиқи кист? Охир, ӯро панҷоҳудусола мегӯянд-ку! Магар зан надорад?
– Надорад.
– Пас ошиқи кист?
– Ошиқи занаш.
Мизбон тааҷҷуби меҳмонро дида, табассумкунон гуфт:
– Э, меҳмон-бародар, ин қисса дароз аст. Ту беҳтараш аз худи Мунаввар пурс. Вай кемарон аст.
– Магар дар ин ҷоҳо байни ду сарҳад кема рафтуо мекунад?
– Байни ду сарҳад не. Дар хоки худамон. Ту ба Хоруғ рафтаӣ?
– Ҳа.
– Бо ҳамин роҳ?
– Не, бо самолёт.
– Пас надидаӣ. Ту бо роҳи мошин боло бирав. Пас аз масофае мебинӣ, ки наҳре аз дарае баромада, ба Панҷ мерезад.
Кемаи Мунавваршоҳ одаму мошинҳоро аз ҳамон наҳр мегузаронад.

пешина
аз 248
навбатӣ