Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Марди малламӯй ба боло, ба айвони ҳанӯз аз чароғ мунаввари мутриб даме чашм дӯхта, сокит нишаст.
– Шумо дигар чизе намегӯед?
– Ту, меҳмон-бародар, олимӣ. Худат дарёб. Қаҳрат наояд, ту зарбулмасалу мақолҳои тайёрро ҷамъ карда, ба кори осон одат кардаӣ. Рост-дия, қаҳрат наояд.
– Рост, – гуфт Саид Амон беихтиёр хандида.
– Гӯш кун, меҳмон, Ҳилолӣ чӣ гуфтааст.
Ҳар кӣ майи ишқро ба ҷомаш карданд,
Аз дурдии дард талхкомаш карданд.
Гӯё ҳамаи дарди ҷаҳон дар як ҷо
Ҷамъ омада буд, ишқ номаш карданд.
Мизбон лаҳзае таваққуф карда, байти дуввуми рубоиро такрор намуд, баъд гуфт:
– Вақте ки бо Мунавваршоҳ рӯ ба рӯ мешавӣ, ҳамин шеър дар ёдат бошад. Хайр, акнун мехобем. Хоҳӣ дар ҳамин ҷо, дар хонаи ман бимон.
Меҳмон хайрухуш карда, ба ҷои хуфтухоби худ баргашт.
Саид Амон лаб-лаби дарёи Панҷ ба муқобили ҷараёни он боло мерафт. Ҳар ҷо – ҳар ҷо сутунчаҳои сарҳадди давлатӣ вомехӯрданд, ки ба рӯяшон рахҳои уреби сафеду сиёҳ кашида шуда буд.
Олими ҷавон аввалин бор дар умраш ба сарҳад ин қадар наздик омада буд. Ҳанӯз бовариаш намеомад, ки хоки Ватани вай дар ҳамин ҷо тамом шуда, каме онсӯтар мулки давлати ҳамсоя сар мешавад.
Манзара айнан ҳамон тавре буд, ки дар рӯзномаҳо гоҳо менавиштанд: дар ин сӯ бо роҳи васеи ҳамвор мошинҳо равуо мекунанд. Дар он сӯ дар пайраҳаи борик харакӣ ва пиёдаҳо ҷунбуҷӯле доранд. Занон бори худро ба фарқи сар гузошта ва бо ҷунбиши пайкари худ мувозанатро нигоҳ дошта, чобукона қадам мезананд. Мегӯянд, ки аксари бошандагони деҳоти он тараф низ тоҷиконанд, зеро пештар ба маънои ҳозирааш сарҳад гуфтанӣ чиз вуҷуд надоштааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё