Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
дӯғу пӯписаи вай ба мардуми мо хандаовар менамуд.
Шаби тӯй, меҳмон-бародар, як воқеаи нохуш рӯй дод.
Домод бо ҷӯраҳояш ҳангоми гузаштанҳо ана аз он пайроҳаи танг ба зери сангчарх монданд. Яке аз ҷавонҳои мо аз китфаш сахт лат хӯрда, маъюб шуд, чанд моҳ дар табобатхона хоб карда баромад. Дигар ҳама сиҳат-саломат ба хонаи арӯс расиданд. Фақат ҳамин қадар ки чангу хоки домодро аз нав шуста, ба ӯ сарулибоси тоза пӯшонидан лозим омад. Хайр, гуфтем, рӯзгор бе ғилуғиш намешавад. Дар кӯҳистони мо сангчарху тарма ҳодисаи нав нест. Ҳамаи ин гузашту фаромӯш шуду рафт.
Муҳиммаш ин ки ду ҷавон бахти худро соҳиб шуд. Худораҳматӣ падару модари Мунавваршоҳ, вақте ки аз арӯси нав гап мезаданд, аз даҳонашон гӯё равғану шарбат мерехт.
Бениҳоят хурсанд ва миннатдор буданд. Ноумед арӯс бисёр зебо буд. Хайр, ҳусни зоҳирӣ насиби бисёр занон мешавад.
Аммо ҳусни инсонии Мунавварбегим ҳамто надошт.
Шавҳарашро хушбахттарин йигити ин музофот буд гӯем, боз кам.
Ҳа, меҳмон-бародар, сад афсӯс ки буд. Аз мобайн як сол гузашту як пагоҳӣ аз хоб бо дасти чап бархостем, аз афташ, ки шумхабаре нигаронамон аст. Мунавваршоҳ як рӯз пеш ба шикор рафта будааст, шабона хонаашро одамони номаълум пахш карда, писарчаи саридастиашро ба кӯрпа печонида ва ба гӯшаи хона ғелонида, занашро баста гирифта гурехтаанд.
Мо, аҳли деҳа, саҳари солеҳон ба сари он мусибаткада ҷамъ шуда, чӣ кор карданамонро надониста меистодем. Бачаҳо пай гирифта-пай гирифта рафтанду пас аз муддате омада гуфтанд, ки Мунавварбегимро ба он сӯи дарё бурдаанд.
Чоштгоҳӣ Мунавваршоҳ омад. Дар рухсори ҳамеша сурхаш осори хун намонда, ранги рӯяш кабудча гашта буд.
Ҳама мунтазир будем, ки ҳозир вай аз хонаи бекас мебарояду доду фиғонаш ба фалак мепечад. Аммо ӯ кӯдакро ба даст гирифта, дақиқае ба сари синааш оромона зер карда истоду баъд ба дасти модараш супурд.
– Ака, – гуфт ӯ ба пеши ман омада, – ду-серӯза аспи маро бигиру аспи худатро ба ман бидеҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё