Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вассалом. Қоидаи мо ҳамин. Маслиҳатро бошад, бо Давронбек мекунем. Вай додарарӯси мутрибамон, додараш гӯем ҳам мешавад, чунки меҳраш аз сад додар зиёд.
О ғник, чоят дастурхон ва!1 Ана, ба бахти мову ту имрӯз янгаат ҳам дар хона. Хӯш ки бошад, имрӯз худат овринги он сӯи Панҷро дидӣ? Сарҳадро ҳам дидӣ? Боракалло. Бистушаш сол пеш аз ин соли чандум буд? Бале, соли чилум. Як вақтҳо қишлоқи мо ва қишлоқи он сӯи Панҷ қариб як қишлоқ буд. Ғайр аз дарё дигар монеае набуд. Одамон ба қишлоқи якдигар арӯс медоданд, арӯс мегирифтанд.
Баъдтар рафта-рафта сарҳадро бастан лозим омад, чунки мо дар зиндагонӣ роҳи нав пеш гирифтем, онҳо бо ҳамон пайроҳаи қадимаашон рафтан гирифтанд. Лекин, гапи худамон, сарҳадчиён назорат карда гарданд ҳам, алоқаи хешу таборӣ якбора канда нашудааст. Аз оби тези Панҷ гузаштан ҳунари ҳар кас нест. Аммо дар диёри мо шиноварҳои ҷасур кам не. Дар маросимҳои тӯй ё азо оҳистаяк, дар торикӣ гузашта, як рӯз-ду рӯз истода пас меомаданд. Калонҳои деҳа фаҳманд ҳам, худро ба нофаҳмӣ мезаданд, чунки медонистанд, ки аз йигитҳои мо хиёнат намебарояд. Агар яктанимта баднафсон бо мақсади савдогарӣ ба он сӯ карасин ё шароб гузаронанд, фаҳмида, даррав лаҷомашонро кашида мемонданд. Ба дигарон кордор намешуданд.
Ҳа, гап дар бораи Мунавваршоҳ. Соли чилум вай хонадор шуд. Духтари олиҷанобе буд ҳамноми худаш – Мунавварбегим. Ҳар ду ба якдигар дил дода, аҳду паймон баста, бо ризоияти худ оила сохтанд. Лекин пеш аз тӯй миш-мише паҳн шуд, ки гӯё Мунавварбегим дар он сӯи дарё Манзарбек ном гаҳворабахш доштааст. Ин миш-миш ҳам дер напоид, чунки ба ҳама маълум буд, ки вай мардак, Манзарбек яъне, ҳанӯз се сол муқаддам зандор шуда будааст. Бо вуҷуди он баъзеҳо мегуфтанд, ки Манзарбек савганд хӯрдааст, ки агар Мунавварбегим аз они ӯ нашавад, рӯзи равшанро ба ҳама торик мекардааст. Ба ин гап ҳам касе эътибор надод, чунки Манзарбек аз рӯи қоидаву қонунҳои кӯҳна ҳукм мекард ва

  1. Ҳой занак, чою дастархон биёр (лаҳҷаи шуғнонӣ).
пешина
аз 248
навбатӣ