Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Меҳмон акнун аз қиссаи ғамангези мутриб, аз ишқи ноком, вале хомӯшнашавандаи ӯ воқиф буд ва лаҳзае ба назари ӯ чунон намуд, ки маъшуқаи ӯ – Мунавварбегимро низ хуб медонад ва мешиносад. Ӯ дар ҳақиқат ба ин гуна муҳаббати беинтиҳо, ишқи беғаразу поки беанҷом меарзад. Охир ӯ аз қабили Лайло ва Ширин, Комде ва Ҷулетта буд. Хуб кардааст тақдир, ки ҳамон умри кӯтоҳи ӯро, ҳамон муддати кӯтоҳаки хонадории ӯро бо Мунавваршоҳ барин марде пайвастааст, хуб кардааст, ки поси хотири мубораки он духтарро маҳз ба дасти ҳамин одам супоридааст.
Муддате сози Мунаввар хомӯш гардид. Саид Амон аз фикраш гузаронид, ки чӣ хуш буд агар мутриб ҳамон навои гилаомези шаби аввалро боз менавохт. Шубҳае нест, ки ин наворо Саид Амон дар ҳеҷ ҷои дигар ва ҳеҷ гоҳ нахоҳад шунид, зеро онро худи Мунавваршоҳ бастаасту танҳо худаш менавозад.
Он рӯз ҳам, аз афти кор, аз рӯзҳои бобарори олими чавон буд, ки Мунавваршоҳ маҳз ҳамон савтро навохт. Бале, рост мегӯяд мардаки малламӯй. Мунавваршоҳ ҳар дафъа ба сомеони худ асрореро ифшо мекунад. Ку, бигӯед, агар мардум бидонанд, ки касе ба онҳо аз асроре нақл хоҳад кард, кадоме аз эшон ба истиқболи ӯ намешитобад? Алалхусус ба шумо ҳар бор як чизи наве бигӯянд ва шумо баъди шунидани он ҳис кунед, ки оре, як олам чизҳои нав фаҳмидед ва он касе ки ба шумо ин чизро гуфт, ҳоло боз сад олам, ҳазор олам чизи тозаи дигар хоҳад гуфт...
Навозиш ба охир расид. Саид Амон ҳис мекард, ки сараш ба як тарзи гуворо сабук-сабук чарх мезанад, чуноне ки кас аз хона ба ҳавои софи офтобӣ барояд, дакиқаи аввал ҳамин тавр мешавад.
Чанд қадам дуртар аз ӯ хошоки таки по хиширрос зад.
Касе дар он ҷо рост шуда, пасу пеши худро аз чангу хок тоза кард ва хаёломез қадам монда, ба поён фуромада рафт. Саид Амон дар мобайн фосилае гузошта аз дунболи ӯ давон шуд.
Дар кӯча, дар партави чароғон дид, ки он мард шофёри шиносаш будааст.

пешина
аз 248
навбатӣ