Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар роҳ тақрибан ним соат ҳар ду сокит менишастанд.
Мошин дар роҳи начандон васеи хатарнок чобукона печутоб хӯрда пеш медавид. Дар тарафи рост Панҷ наъра мекашид. Аз чап харсангҳо, шахҳои азим қомат афрохта буданд ва гоҳо ба сари роҳ хам шуда, гӯё ба суруди мавҷҳои дарё аз наздиктар гӯш андохтанӣ мешуданд.
– Муаллим, чанд рӯз ин ҷо будед? – ниҳоят хомӯширо вайрон карда пурсид ронанда.
– Се рӯз. Чӣ буд?
– Ҳеҷ. Сози Мунавваршоҳро, албатта, ба магнитофонатон навишта гирифтед?
– Не. Ин магнитофон фақат барои гап. Савту сурудро вайрон менависад.
– Афсӯс. Онҳоро то ҳоло касе навишта нагирифтааст.
Нақл мекунанд, ки ҳафт-ҳашт сол пеш ба назди Мунавваршоҳ акаи Ғуломалӣ омада будааст.
– Шумо марҳум Ғуломалиевро1 мегӯед?
– Ҳа, ҳамонро. Мунавваршоҳ якта бузи фарбеҳашро кушта, акаи Ғуломалӣ ва ҳамроҳонашро зиёфат кардааст.
Ғуломалӣ аз рӯи иззату икроми мизбон тахмин кардааст, ки Мунавваршоҳ таклифи ӯро рад намекунад, ба ансамбли вай ҳамроҳ мешавад. Аммо вақте ки дар поёни зиёфат арзи муддао мекунад, Мунавваршоҳ мегӯяд: «Ман туро мисли бародар ва устодам ҳурмат мекунам. Ту санъати диёри хурди моро ба аҳли Ватани бузургамон расонидӣ. Ҳазор раҳмат. Аммо аз ман наранҷ, ман ба ҷое намеравам, рафта наметавонам...»
Боз муддате ҳарфе ногуфта роҳ паймуданд. Сонӣ ронанда гуфт:
– Муаллим, ман қиссаи Мунавваршоҳро ба одамони дигар маҳалҳо чанд бор нақл кардам, баъзеҳо бовар намекунанд. Чӣ кор кардан даркор?
– Ҳеҷ. Ин қиссаро ба одамоне ҳикоят кунед, ки эътиқод

  1. Артисти халқии СССР Ғуломҳайдар Ғуломалиев – ташкилкунанда ва сардори ансамбли суруд ва рақси Бадахшони Советӣ.
пешина
аз 248
навбатӣ