Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
А? Фалонамро бурида диҳам, бо бачаат намехӯрӣ?
Чашми ҷавонзан сиёҳ меравад. Ӯ навъе карда кӯдаки гирёнро оҳиста ба замин мемонад ва худи ҳамон лаҳза мадҳуш шуда гумбурросзанон дар паҳлуи кӯдакаш меафтад.
Сагро аҷал ояд, дар меҳроби масҷид мемезад. Пагоҳии дигар, ҳанӯз офтоб сар назада, мардуми қишлоқ дар таки дари раис ҷамъ мешаванд. Яке пештар баромада, дарвозаро мекӯбад. Пас аз соате раис мебарояд. Вай дар ҳақиқат зоти ғалатӣ будааст. Бӯи фронт ё ҳатто хизмати оддии аскариро аз дур нашамида бошад ҳам, аз чӣ сабабе доимо либоси афсарӣ пӯшида, аз болои он чаппаву роста ва болои ҳам тасмаҳои бисёре баста мегаштааст.
Дақиқае раис ба издиҳоми ҷамъомада ва издиҳом ба чашмони сурхи мастонаи раис менигаранд. Раис гӯё ҳеҷ коре накарда бошад, дасти қамчиндорашро дар ҳаво алвонҷ дода, акнун ба гап даромаданӣ мешавад. Вале ду-се нафар ҷавононе ки аз ҷанг якпою якдаста шуда баргашта буданд, пештар баромада, бе он ки ягон ҳарфе бигӯянд, раисро аз по дарафтонида, бо тасмаҳои шақарросиаш даступо мебанданд. Баъд ҷуссаи ӯро ба аробаи чорчарха бор карда, ба райком мебаранд...
Раиси тасмапеч баъди ҳашт сол ба қишлоқ баргашт.
Рангаш мисли заъфарон, дар чашмонаш осори нур намонда буд. Нотоб омаду муддате гоҳ ба пою гаҳе рӯи ҷо хобида, охир аз олам гузашт. Лекин ба ҷанозааш касе наомад.
Ходими маҳалла, муллоимом, пойкор аз субҳ то шом давида, коре карда натавонистанд. Ба мурдааш, раҳаш ба худаш, як фарзанди инсон наомад.
Шабона парторги колхоз аъзоёни партия ва комсомолро ба идора даъват карда гуфт:
– Се сол боз худи шумо маро ба ташкилоти партиявӣ сардор интихоб мекунед. Ба хотири ҳамин эҳтиром ва эътимодатон ба шумо ҳамчун котиби ташкилот як супориш медиҳам: ҷасади он шахсро (котиб Раиси тасмапечро ҳатто ном нагирифт) пагоҳ то пешин ба хок месупоред.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё