Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Ҳам супориш, ҳам илтимос, ҳамаи гапи ман ҳамин...
Ё наузанбиллоҳ, тавба кардам, худоё! – бо нимовоз худ ба худ гуфт Абдурауфамак ва аз роҳ монда гиребонашро гирифт. Ӯ хиҷолатомез фикр мекард, ки чаро дар соати дафни ҳамсояи наздиктаринаш воқеаи Раиси тасмапечро ба ёд овардааст? Охир он зоти ба ғазаби мардум гирифторшуда ба раҳматӣ Усто Оқил чӣ шабоҳате дорад?..
Фақат соате пеш аз ин Абдурауфамак сангдилии мардумро сарзаниш мекард, акнун Усто Оқилро гӯё бо он шахси роҳгумзада муқоиса мекунад. «Дӯстам, хамсояам Усто Оқил, маро бубахш, пичиррос мезад ӯ зери лаб, аз гуноҳам гузар. Хотири туро ҳаргиз ранҷониданӣ набудам. Аз гуноҳам гузар».
...Қисми душвортарини роҳи қабристон сар шуд.
Пайраҳа борик ва серпечутоб буд. Ҷавонони тобутбардорро касе шитоб намекунонид. Ҳоло ҳашт нафари онҳо чаҳоркасӣ аз ду паҳлуи тобут гирифта, якта-якта, гӯё шумурда қадам мегузоштанд, онҳое ки дар тарафи чап буданд, барои мувозанат тобутро дар болои сар, ба рӯи дастҳои дарозкардаи худ бардошта мебурданд.
– Эҳтиёт шуда, ҷойҳотона иваз кунед, – дам ба дам маслиҳат медод яке аз мӯйсафедон, ки аз пас меомаданд.
Абдурауфамак калӯши дар лои сақичак чандин бор аз пой баромадаашро акнун ба даст бардошта, маҳсии навашро то буҷулаки пой ба лой ғӯтонида меомад. Баъзе пирамардон хеле қафо монда буданд ва бо зӯр нафаскашон, даст ба зонуҳо монда ва ба ин тариқа ба пойҳои бемадоршудаашон кӯмаккунон меомаданд.
Ҳа, воқеан, чаро ба ёди Абдурауфамак дар чунин як соат каси дигар ё ҳодисаи дигар нею маҳз Раиси тасмапеч расид?
Аз афташ, нақши озоре ки ба одам расидааст, аз хотираш пок шавад ҳам, аз дилаш намеравад. Пас осори он воқеае ки ёздаҳ сол қабл аз ин шуда гузашта буд, ҳанӯз дар ким-кадом гӯшаи қалби пирамард зиндааст.
Усто Оқил мехост, ки ҳунари худро ба писараш мерос гузорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё