Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Ҳамон тобистон ҳавлии Усто Оқил аз чӯҷаҳои кулангӣ пур шуд, аммо Нодирҷон дигар ба назди Устоамакаш нарафт.
Ҷавонони тобуткаш хаста шуда, пои худро базӯр кашола мекарданд.
– Ҳа, писарҳоям, канӣ боз як зӯр занед, ҳа, шаҳбозҳо-я! – хитоб кард ба онҳо Абдурауфамак. Ва ҷавонон гӯё дар ҳақиқат мадори тоза пайдо карда, гашти пурмашаққати худро андаке тезониданд.
То сари пушта акнун фақат чоряки роҳ монда буд. Абдурауфамак ба поён, ба сӯи деҳа нигарист. Аз паси тӯри маҳине, ки борони дилбазан мебофт, деҳа ба назари ӯ кимчӣ гуна ҳақиру ҳузнангез метофт.
Не, аз дил гузаронид Абдурауфамак. Дар ин музофот қишлоқи мо барин қишлоқи зебо нест. Ҳозир ба чашмам ҳамин тавр бенур менамояд, чунки маросими азо, ҳаво ин хел вайрон...
Лекин аксари иморатҳои зебои қишлоқ маҳсули хунари ҳамин худораҳматӣ, боз ба ҳамон хулосаи аввалааш омад Абдурауфамак. Ин хел устои хунарманд дар сад сол ё як бор ба дунё меояд ё не. Бинои Совети қишлоқ, китобхонаи колхоз, ҳавлии Абдураҳмонакаи ҳосилотшӯро (як вақтҳо ҳамин хел як унвон буд дар колхоз), айвони худи марҳум, ё дигар биноҳои сохтаи ӯро тамошо кунед, ҳангатон меканад. Худаш чаласавод бошад ҳам, илми мувозанат, илми нафосатро об карда хӯрда буд марҳум.
Ба колхоз меҳмон ояд, албатта бурда китобхонаро нишон медиҳанд. Чор тарафаш тирезакорӣ. Аз субҳ то шом, ҳатто дар ҳавои абрнок ҳам пур аз нуру сафо. Кандакориҳо ва нақшунигори берангубори сақфу раф ва тирезаю пештахтаҳояшро бинед, ҳуш аз саратон мепарад. Ҳар кас ба он ҷо дарояд, қатор-қатор китобҳои хушрӯи олиҷаноб як сӯ мемонаду ба тамошои он хонаи аҷиб, он мӯъҷиза банд мешавад. Гӯё раис дар куҷое гуфта бошад, ки китобхонаро аз он ҷо кӯчонидан даркор. Ҳусни бино ҳуши одами барои китобхонӣ омадаро парешон мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё