Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ё равоқи назди идораро рафта бинед, ки дар болояш номи колхозро навишта мондаанд. Усто Оқил онро аз пайванди чӯби арчаи бисёре сохта буд, чунки барои ин хел равоқи баланд чӯби яклухти маҳкамро аз куҷо меёбед?
Равоқ дар зери боду борону офтоби сӯзон дувоздаҳ сол боз истодааст, лекин ҳозир ҳам бо пурбин ковед, ягонта ҷои васлшудаи онро ёфта наметавонед.
Абдурауфамак пеш аз ҷанг ба Бухоро рафта буд. Дӯстонаш шаҳрро тамошо дода, ба зиёрати мақбараи Исмоили Сомонӣ бурда буданд. Мақбара нақшу нигори бисёре надошт ва аз рангубор тамом озод буд. Фақат аз хишти оддии хумдонӣ сохта шуда буд. Аммо дар атрофаш як рӯз давр занед ҳам, аз ҳуснаш сер намешавед. Равоқи арчагии Усто Оқил ҳам ҳамин хел ҷозибаи асроромез дорад.
Зор монад, қабр ҳанӯз тайёр нашудааст.
Ҷои ҳамвортаре ёфта, тобутро бо нардбонаш ба замин гузоштанд. Аз хастагӣ ҳама мехост ба замин нишинад, аммо як порча ҷои нишастанбоб набуд.
Борон ҳамчунон майда-маҳин меборид. Баъзе эҳтиёткорон бо худ нимҷувола ё қарсе овардаанд ва ҳоло сарашонро аз борон пӯшонида меистоданд. Муллоимом чатри сурхи гулдори тобистонаро ба сараш дошта, диккак нишастааст. Духтари ӯ дар мактаби Ҳисорак муаллима аст.
Эҳтимол, чатр аз они вай бошад. Астағфирулло, дар рӯзи мотам ҳам, албатта ягон чиз ёфт мешавад, ки хандаи одамро меоварад.
Абдурауфамак ба сари қабр омада, ба поён нигарист, то бубинад, ки ҳоло боз чи қадар кор боқӣ мондааст.
– Ин мардак танҳо будааст-дия, – ба пойкор рӯй оварда гуфт Абдурауфамак. – Барои ҳамин то ҳоло қабр тайёр не.
– Баъд гӯё касеро меҷуста бошад, дар ҷои истодааш давр зада, атрофиёнро аз назар гузаронид ва ниҳоят ба писари худ муроҷиат кард:
– Нодирҷон, биё, писарам, фаромада ин хокро боло парто, кор тезтар саранҷом шавад.
Нодирҷон дарҳол ҷомаи беқасаб ва пиҷакашро кашид ва пиҷакро ба дасти падар дода, ҷомаро аз нав пӯшида, миёнашро бо миёнбанд маҳкам баст ва ба «айвони» қабр фаромад.

пешина
аз 248
навбатӣ