Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чойники электр вайрон шавад, дарҳол дуруст мекунад.
Чароғ ногоҳ хомӯш шавад, дар як зум соз мекунад. Дастаки дар канда шавад, зуд ба ҷояш мечаспонад. Рост, ки як бор дастакро чаппа часпонида буд, вақти даркушоӣ ҳар дафъа дастамонро ба паҳлӯдарӣ зада хуншор мекардем.
Лекин ба ҳар ҳол часпонида метавонад. Якта ғалладони мизаш пур аз анбӯру болға, меху гайка, симу симчаҳо.
– Гараж сохтан ҳеҷ гап не, – гуфт Исмоил. – Ман хона сохтагӣ. Оламоро!
– Кай? Кай хона сохтӣ, рӯт сиёҳ! – гуфт Ориф, ки дар қарибиҳои Исмоил, дар болотари Водонасос, дар камари кӯҳ мезист. – Ба чӣ дурӯғ мегӯӣ? Вай катаки мурғ-ку!?
– Катак ҳам хона, хонаи мурғ, – паст наомад Исмоил. – Худат якта катака рост кун, сонӣ дигарҳоя айб мекунӣ.
Бобом ба мобайн даромада, баҳсро хотима дод. Қарор шуд, ки шанбею якшанбеи оянда ҳашар. Чаҳор ҷӯра гараж месозем. Бобом сармушовир, яъне маслиҳатгари калон.
Лекин пешакӣ рафта, ба ибораи Исмоил, бояд план кашем, смета созем.
– Ҷои соз, оламоро! – гуфт Исмоил. – Ду девори гараж аллакай тайёр. Пушти хонаи ҳамсоя девори қафо мешавад.
Девори тахтагини байни ду ҳавлӣ ин мешавад девори чапи гараж. Бом даркору халос. Чор сутуну чор болор кифоя.
Камтар вассаю дастак. Ду тӯб тол, вассалом. Гаражи зӯр мешавад. Оламоро!
Саҳарӣ Исмоилро аз хонааш ба мошин савор кардам.
Як сандуқ арраю тешаю табару болға доштааст, ба бағоҷмонаки мошин бор кард. Аз як худи ранда сета.
– Ин қадар ранда чӣ даркор? – пурсидам ман, ки дар таки дил аз кордориҳои ҷӯраам хурсанд будам.
– Ҳар кадомаш вазифа дорад, махсус ном дорад: дастранда, хасранда, харранда ва ғайра, – гуфт ӯ дар ҳолате ки маро лоиқи назар надониста, ба ким-куҷоҳо менигарист.
Кори бемаслиҳат накӯ н-ояд, гуфта, барои мех харидан панҷкаса ба магазини молҳои рӯзгор даромадем. Аммо Исмоил ба маслиҳат эҳтиёҷе надошт. Савдои ӯро дида, чашми ҳама мош барин кушода шуд.

пешина
аз 248
навбатӣ