Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Не, ин намешавад, – мегуфт ӯ ба фурӯшанда бо қиёфаи андешамандонаи дуредгарони таҷрибаноки номдор. – Ба мо мехи ҳаштод ва саду панҷоҳмиллиметрӣ даркор. Мехи заводи Свердловск бошад, боз беҳтар. Нағз мегазад. Оламоро!
Кор сар шуд. Мо чоркаса (ҳамроҳи язна, шавҳари Малика) барои гӯр кардани сутунҳо замин мекофтем, чӯб арра мекардем ва ҳоказо. Малика дар ду дег ду хел таом мепухт.
Исмоил қалами бунафшро ба пушти гӯшаш халонида, дасту остин барзада, моку барин ин сӯ-он сӯ мегашту амру фармонҳо медод. Ба нӯки ресмон сангеро баста, шоқул сохт. Ҳангоми сутунгӯркунӣ сад бор маҷбур мекард, ки шоқулро аз ин тарафу он тарафи сутун овезон карда, ба ӯ нишон диҳем. Дуртар рафта, як чашмашро пӯшида ва дигарашро нимкоф карда, дуру дароз ба сутунҳо нигоҳ мекард.
– Ба чап, ба чап, гуфтам, кар-мӣ шумо ҳамаатон, боз андак ба чап, шу-уд, акнун ба пеш, ҳо боракалло, оламоро!
Ана ҳамту дореду шах шавед, сутун наҷунбад. Илми мувозинат гуфтанӣ чиз ҳаст дар олам, – таълим медод ӯ.
Бобом соате ба кори мо назора карда истоду гуфт:
– Писарҳо, ман даркор набудагӣ барин. Ба «Роҳат» меравам (чойхонаро мегуфт). Барака ёбад Исмоилҷон, устои дуруст менамояд, кораш пухта.
Пешинӣ дар сари таом қариб ҷанҷол хеста буд.
– Ман дар хона чойи 95 менӯшам. Оламоро! – гуфт устои мо.
– Шарм намедорӣ? – шӯрид Ориф. – Ин ҷо, охир, хонаи худат не, аз они очакалонат ҳам не.
– Аз кӣ шарм дорам? – эътироз кард усто. – Ҳама аз они худӣ.
Ориф боз чизе гуфт. Сонӣ боз усто гуфт. Язнаам ба миёна намедаромад, хархаша калон мешуд. Вай аз кадом ҳамсояаш як каф чойи 95 қарз гирифта омад.
Бегоҳӣ усто гуфт:

пешина
аз 248
навбатӣ