Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
– Ба мизоҷи ман лимонад намефорад. Ба шоҳамбарӣ одат кардагӣ. Оламоро!
Зуд рафта, аз ресторани «Уқёнус» як тӯрхалта оби шоҳамбарӣ овардам. Шунида будам, ки устоҳои асил сернозунуз мешаванд. Хоҳиши Исмоил аз даҳонаш набаромада иҷро мешуд.
Рӯзи якшанбе гаражи айвоншакламон буд шуд. Майдончаи бинокория тоза карда, жигулия ба гараж даровардем. Сонӣ чаҳоркаса усто Исмоила рӯи даст гирифта, бо тамоми овоз «ура» гӯён ҳафт маротиба ба сарамон бардоштем.
Рӯзҳои истироҳат ба саёҳат мерафтем. Дар бадали чанд ҳафта дар дараҳои Варзобу Ромиту Алмосӣ, дар Файзободу Нораку Боботоғ ҷои надидаю гӯшаи ғелназадаамон намонд. Гӯгирд лозим шавад, мошинсавор мерафтем. Малика ҳам аз гараж хурсанд буд. Сабзӣ-пиёзи рӯзгори ӯро акнун ман мекашондам.
Сентябр расид, борони аввалин борид. Як саҳар дар «Икарус»-и тиққа-тиқон аз тугмаҳо ҷудо шуда, ба гараж рафтам, ки ба афту андоми мошин нигоҳ карда намешавад.
Гӯё ба ботлоқе андохта, бо ҳавсала хуб ҷӯлонида, баъд дар офтоб хушконида бошанд. Маълум шуд, ки толро ба рӯи бом чаппа пӯшонидаем, яъне аз нишеби бом ба боло не, баръакс, аз боло ба поён мехкӯб кардаем ва оби борон чанги фаровони бомро шуста, аз тарқиши тол ба рӯи автомабил шоридааст.
– Ҳеҷ воқеа не, – гуфт усто Исмоил рӯзи ҳашари дуввум.
– Об рӯшноӣ гуфтаанд.
Сонӣ боз борон борид ва ин дафъа маълум шуд, ки рӯзи ҳашари такрорӣ чаҳоркаса болои бом баромада, ҳангоми канда аз сари нав задани тол бо пойафзоли худ тахмин чил ҷояшро сӯрох кардаем.
– Ҳеҷ воқеа не, – гуфт боз усто. – Дар олам коре нест, ки аз дасти одамизод наояд.
Шанбеи навбатӣ ҳашари саввум эълон шуд. Бо нишондоди усто аз сохтмоне як лӯндаи дупудии қатрон оварда, аз хишт оташдон сохтем ва дар лагани ҷомашӯии Малика об кардем, баъд онро қисм-қисм ба сатил бардошта, бо чойкаше гирифта ба болои сӯрохиҳо рехтем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ