Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Анкер1 намечаспад, часпад ҳам, дар он ҷо дошт намедиҳад. Бо ҳеликоптер то саргаҳи Кашолдара рафта будам.
Инженер нишон дод. Фаромада дидам, ҷӯра. Намешавад.
Сардор ба ҷои вертолёт ҳеликоптер гуфта, ба суханаш тобиши илмӣ додан мехост. Ақида дошт, ки савори ҳеликоптер ба Кашолдара рафтанаш бояд вазни мулоҳизаҳои ӯро афзояд, ба мубоҳиса роҳ надиҳад.
– Чияш намешавад? – ҳарчанд худро ботинан таскин медод, бо вуҷуди ин қадре асабонӣ шуда гуфт Саидбек. – Шахҳои ҳар ду тараф – сангҳои мазбут. Кӯҳшиносе ин ҷо мешуд, мегуфт, ки он шахҳо миллион сол инҷониб истодаанд, боз сад ҳазор сол меистанд.
– Кӯҳшинос, ҷӯра, намедонам чӣ мегуфт, аммо чашм дошта бошад, медид, ки санг вайрон мешавад, кайҳо футур рафтааст. Роғ пайдо кардааст. Роғи кӯҳна не.
– Роғ-поғ надорад. Ман он шахро ваҷаб ба ваҷаб санҷидам. Чӣ, ман навшогирдам? Ё кӯрам?
– Оташин нашав, Саид. Ин кори ҳазл не. Ҳар думон аз пайи як корем. Симро ба он шах овезему баъди як-ду сол дар сармои зимистон ё гармои тобистон роғаш ба рахна бадал шавад, санг биҷунбад, овеза ҳамел шавад... Оқибат чӣ мешавад? Ҳамаи силсила аз кор мемонад. Барои натиҷаи кор, ҷӯра, танҳо ман не, як худи ту ҳам не, ҳама баробар ҷавобгарем.
Саидбек «мебинем» гуфта, зери лаб ғурунгос заду бо рӯю абрӯи гирифта берун рафт. Аввал ба худ аҳд карда буд, ки ҳоҷат ба такрор санҷидани шах нест. Сардор бошад ҳам, номаъқул кардааст. Беҳуда воҳима бардоштааст. Аслан Давид дар ин корҳо дониши казоӣ надорад. Дар муайян кардани хатти роҳ ё интихоби навъи пояҳо чандин маротиба саҳв карда, боиси кори дубора шудани ӯро ҳама медонанд.
Аммо ба сардор чӣ ҳам мегӯӣ? Бори хаторо баргашта ба сари инженеру прорабҳо ҳавола кардан барои ӯ мушкилие надорад. Аз номи сардори қитъа фармоне нашр карда, як нусхаашро дарҳол ба тахтаи эълонҳо мечаспонад. Хонда

1 Қисми фулузии васлгари ҷузъҳои иншоот. Дар ин ҷо сангро шикофта, анкерро дар нақби дохили харсанг бо семент банд мекунанд.

пешина
аз 248
навбатӣ