Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
мебинию аз ҳайрат даҳонат боз мемонад: бо суханҳои бамаънию баҷо, далелҳои бамантиқ айбро ба гардани фалонӣ ва фалониҳо ончунон соз бор кардааст, ки лом гуфта наметавонӣ. «Ба ҳар кас табиат истеъдоде ато кардааст. Яке сар набардошта, ба обу арақ ғӯтида кор мекунад. Дигаре чунон ҳунаре дорад, ки тамоми умр хиштеро аз ҷое гирифта, ба ҷое намонда бошад ҳам, ободии ҳамаи музофот, савоби ҳамаи корҳо, хизматҳо ба номи ӯ хатм мешавад.
Саидбек дар саҳни мошинсаро даст ба зери ҷумаки об бурда, ба ҷараёни он дошт. Пас парешонхотирона ба рӯяш об пошид ва дар ҳолате ки қатраҳои об аз манаҳаш ба рӯи сина ва гиребони куртааш мешорид, хаёл карда истод. Аввал ин ки ҳамин андешаашро сонитар мегуфт, аз рӯи одамигарӣ мешуд. Хуб медонад, ки ба сохтани овеза ҳафтаи оянда сар мекунем. Хуб медонад, ки фавти бобо барои ман чӣ рӯзест. Охир ҳамин қадар сол ҳамсабақ будем, ҳамкор будем... Хайр, магар аз дасти вай дониста кардани чунин корҳо намеояд? Давид Салимич... Давид Салимичи пешонифарох... Чӣ мехоҳад ӯ? Муродаш чист? Фарз кардем, ки кори моро ду-серӯза қафо партояд, аз кадом як ҷиҳат бурд мекунад. Аз кадом ҷиҳат? Охир бригадаи ман – як ҷузъи ташкилоти худаш-ку. Тавба... Ба нозукиҳои муносибати байни одамон, хусусан роҳбарону зердастон, ақли Саидбек камубеш мерасад, бешубҳа. Лекин ба як қадар печ дар печаш не. Не, ин хелаш аз ҳадди имконияти вай берун аст... »
Хайр, фардо рафта мебинам, қарор кард Саидбек. Нури шофёра таъйин мекунам, саҳарӣ меояд, рафта мебинам. Ҳеҷ воқеа не, боз як бор мебинам.
Ва ҳамин тавр ҳам карданӣ буд. Ба мошинсаро рафта, таъйин кард, ки Нур саҳарӣ барвақттар рост ба хонааш биёяд. Аммо оташе, ки сардор ба дилаш афканда буд, хомӯш намешуд. Бештар аланга мегирифту дуд мебаровард.
Охир ният кард, ки худи ҳамин рӯз меравад. Баргашта ба пеши саробон рафт, таъйин намуд, ки ба Нур бигӯед аз пайи кораш бошад, вай, Саидбек, бо мошини дигар ба Кашолдара меравад.
Ба кӯлбораш таноб, парма ва болға гирифту ба роҳ даромад. То ба ин ҷо бо мошини кадом як санаторий омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё