Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Шахи тарафи чапро дид. Ҳамон шахеро, ки Давид Салимич гӯё ҳеликоптерсавор омада дидааст. Чунонки заррае шубҳа надошт, роғе набуд дар пайкари азими шах. Эҳтимол ҳамон раҳи каҷалаки аз шикасти қабати рӯй боқимондаро Давид Салимич роғ пиндошта бошад. Е шояд ин фарзияи инженере бошад, ки ӯро ба ин ҷо бо чӣ ғаразе ҳамроҳ овардааст.
Манзара ба дараҷае равшан буд, ки Саидбек ҳатто пармаю болғаро аз кӯлбор набаровард. Пас гашта, поён фаромад, аз пайраҳаи назди кулбаи партов гузашта, ба сари роҳи калон баромад. Чашм ба роҳи мошини роҳгузар сигор дуд карда меистод, ки боз хаёлаш ба ҳамин муаммо баргашт.
Давид, бидуни шубҳа, ҳамин шахи тарафи чапро мегуфт.
Зеро ӯ ба шахи самти рост набаромадааст, баромада ҳам наметавонад, дар он тараф фурудгоҳи муносиби вертолёт ҳам нест. Бо вуҷуди он шахи дигарро низ бояд дид. Дар ҳақки баъзе одамон мегӯянд, ки шайтонро ба лаби дарё ташна бурда, ташна меорад. Ин гапа дар ҳаққи Давид Салимич ҳам бигӯӣ, ҳато намеравад. Агар рафту муродаш муддате ба таъхир андохтани сохтмони овезаи нав бошад, ба ҳар навъ барои расидан ба мақсад мекӯшад, як бало мекунад, ки нақшааш ҷомаи амал пӯшад. Рафта мегӯӣ, ки шахро дидам, роғ-поғ надорад. Мегӯяд, ки кадом шахро дидӣ? Шахи тарафи чапро, ҷавоб медиҳӣ ту. Тарафи чап аз рӯи ҷараёни дарё ё аз рафти мошин? – мепурсад Давид Салимич ва он гоҳ мулзам шуда, дубора ба ин ҷо меоӣ.
Он шахро низ бояд дид ва санҷид, ҳарчанд ки ба ин кор заррае ҳоҷат нест. Аз шубҳа бояд озод шуд. Ба ин кор се соати дигар меравад, зеро болотар рафта, аз пули чӯбини муаллақ гузашта, аз он соҳил боз ба поён баргашта, хо ана ба он пайраҳа омадан лозим. Чораи дигар нест.
Саидбек дар шахи дуввум ҳам нуқсе надид, ки ба устувор кардани овезаи симбардор халал бирасонад. Вай ба ин нуқта аслан эътимоди қавӣ дошт, аммо баъди такрор дидан, пас аз ғарқи обу арақ шуда поёнтар фаромадан банохост сахт ба ғазаб омад. Ва эҳтимол, дар касофате, ки воқеан аз таки пой баромад, дар афтоданаш ба сангпар ҳамин ошуфтагиаш низ боис шуда бошад.
Сазои сараш. Кӯр асояшро як бор гум мекунад. Саидбек, аз афташ, на фақат кӯр аст, кару гарангу фаромӯшхотир ҳам аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё