Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Алексей ҳис мекунад, ки бардорузани ҷавона ба ҳар ҳол камтар шуд. Ба роҳи ҳамвор баромада, аз тирезачаи паси кабина ба даруни каппа назар меафканад, вале чизеро дида наметавонад. Ҳайрон шуда, боз мошинро нигоҳ медорад ва дари қафоро кушода нигоҳ мекунад, аммо на Собирро шинохта метавонад, на ҷавонаю каппаи автомобилро: ҳайвони ромнашудаи саҳроӣ ҳам аз тарс, ҳам аз он ки соҳибаш дар арафаи бозор аз ему алафу кунҷора ҳар чӣ бисот доштааст, барои бозоргир шудани он хӯронида, чандин бор шикамсерӣ об додааст, аз фарш то сақфи каппаро олонида ва ифлосиҳои шуррути худро бо думи дарозаш аз дару девор гирифта, ба сару рӯи худ ва Собир задааст...
– Ними қишлоқ об кашонида, мошинро шуст, ман бачаҳои Нур катӣ Собира шуста, ба либоси Нур печонида омадам, – гуфт Алексей. Ва пас аз ин Саидбекро ба каноре кашида гуфт: – Худат гуфта будӣ, ки тӯйи Нура даст ба даст карда мегузаронем, а? Ҳамин тавр ки бошад, дару девори боғу ҳавлиашро андак таъмир кардан лозим. Ту надидаӣ?
Бегоҳӣ ҳамроҳ меравем. Як тараф девори пури таппак, як тараф ғарами ғӯзапоя. Аз канори боғаш ҷӯи калон мегузарад, агар болоша бо тахта пӯшӣ, деворҳоша андак ба тартиб андозӣ, ҷаннат барин мешавад. Чӣ гуфтӣ? Дар пушти вагонаки ту ду-се мошин тахтакӯҳнаи қолиби бетон хобидааст. Аздусар ҳезум мешавад. Мекашонем ҳамин тахтаҳоя.
Чӣ гуфтӣ?
Аз саҳари шанбе ҳашар сар шуд. Қариб бист нафар коргарони бригада аҳлона ба кор часпиданд. Ҳамсояҳои Нур муддате аз дур ба кори онҳо бо ҳайрат ва мароқ назорат карда меистоданд. Сонӣ онҳо низ дасту остин барзада ба ҳашар ҳамроҳ шуданд. Гурӯҳе тахтаҳои кӯҳнаро аз мехи каҷалак ва боқимондаи бетон тоза мекард. Собир дар гӯшае ду ғӯларо ба замин гӯр карда, дар ним соат дастгоҳи дуредгарӣ сохт ва ба ранда кардани тахтаҳо сар кард. Гурӯҳе девори фартути похсагинро афтонида, ба ҷояш девори сапсафеди тахтагин мебардошт. Ду-се нафар дару девори хонаву айвони соҳиби тӯйро оҳаку ранг мемолиданд. Алексей ба рӯи ҳавлӣ сим кашида, барои шабнишинии фардоина чароғ мешинонид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё