Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба рӯи наҳре, ки аз канори боғи Нур мегузашт, тахтапули дарозе сохтанд, ки нишастгоҳи бароҳате шуд. Жигулиҳои Собир ва Алексей байни деҳа ва шаҳр мокувор тор метаниданд. Яке магнитофон ва ҳар гуна зарфҳо меовард, дигаре симу микрофон ва даста-даста сачоқу дастархон.
Тӯй бисёр хушрӯ гузашт. Ҳамқишлокиёни Нур мегуфтанд, ки дар ин музофот кайҳо боз ин хел тӯи дабдабаноки батартиб, тӯи фаровонии аҷоиб нашудааст. Ҳатто раисҳо, мудирони анбор ва магазинҳои калон инхела тӯй нагузаронидаанд. Деҳотиён зиёда аз ҳама аз он дар ҳайрат буданд, ки як даста ҷӯраҳои Нур омаданду боғи оддии деҳқонии вая дар як рӯз «авалло ки як рӯзи бутун ҳам не, аз саҳар то пешин!» тамом дигаргун сохтанд: як ҳотаи назарногир буд, баногоҳ боғи васеу боҳаловате шуд, ба мисли боғҳои овозадори истироҳат, ки аз чор тарафаш нур меборад. Ҳофизи гармоннавози Собир аз шаҳр овардагӣ, рафиқи сурнайнавози Новиков базмро он қадар тасфониданд, ки аз бисёрии тамошобини дойрахабар барои ин сӯ-он сӯ гузаштани хидматгорон ва дастёрони туй роҳу ришта ёфт намешуд.
Ҳар гоҳ ки Саидбек нӯшбоди сархушонаи бригадири колхозро ба ёд меовард, лабаш беихтиёр моил ба табассум мешуд.
– Рафиқони колхозчиён, – мегуфт ӯ атрофашро аз назар гузаронида ва дар айни ҳол кӯшиш мекард, ки накалавад. – Шумо аҳлия аз ин рафиқҳо ёд гиред. То ҳатто худи ман бояд ёд гирам. Не, ман намегӯм, ки мо аҳл нестем. Не, ман инту намегӯм, мо аз касби деҳқониамон розӣ, то ҳатто фахр мекунем. Ман мегӯм, ки барои чӣ мо синфи коргара дар Эс-эсэс-эр пешқадам, то ҳатто роҳбар мегӯем? Ана барои ҳамин ғайраташ, дилсофеш, то ҳатто хизмати беминнаташ. Бинед, рафиқони колхозчиён, ин ҷанната дидед? Дар як рӯз сохта шуд, то ҳатто дар чанд соат! Рафиқони меҳмонони азизи мо, рафиқон Сангинуф, Новикуф ва... то ҳатто ҳамон Нури худамон! Ба саломатии шумоён, синфи коргар менӯшам! Нури дида! Тоҷи сар!...
Баъди тӯй феълу хӯи Нур батамом дигар шуд. Пештар гоҳу ногоҳ менолид, ки ҷои истиқоматаш, яъне қишлоқаш аз шаҳр, аз ҷои кораш дур аст.

пешина
аз 248
навбатӣ