Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Онҳо одатан Райҳонро хобонида, барномаи телевизионро – агар дилгир набошад – то охир тамошо мекунанд. Баъд Нигор ба ошхона гузашта, зарфҳоро мешӯяд. Саидбек ба айвонча баромада, сигор дуд мекунонад. Вай ба хотир меорад, ки се соли аввали зиндагониашон дар хонаҳои иҷора чӣ гуна нороҳат мегузашт. Хусусан соли якуми заношӯиашон.
Соҳибони хона – ҳам чолу хам кампир – одамони дардманд ва дилтанг буданд: аз чанд дақиқа зиёдтар фурӯзон мондани чароғи ошхона ё даҳлез, аз нимишаб баргаштани зану шавҳари ҷавон, аз хандаи баланди онҳо асабонӣ мешуданд ва маломатомез ғур-ғур мекарданд. Хайрият, хонаи дуввуми иҷора нишастаашон бароҳаттар буд: як ҳамкасабаи Султон
– бародари хурдии Нигор ба сафари дусола бирафту зану бачаҳояшро ҳамроҳи худ бурд ва онҳо ба хонаи вай кӯчиданд.
Акнун секаса дар хонаи худашон зиндагонӣ мекунанд.
Хоҳанд, то нимишаб телевизор мебинанд, хоҳанд, ба ягон ҷой ба тамошо, ё меҳмонӣ рафта, вақти дилхоҳашон ба хона бармегарданд. Ҳатто метавонанд саҳарӣ баргарданд. Фақат якта ғам доранд, ки Райҳонакашон аз хоб намонад...
Саидбек мунтазири ба охир расидани кори занаш дуди сигорашро аз тирезаҳои кушоди айвонак берун пуф мекунаду худро бо ҳамин гуна хаёлот машғул медорад. Вай мехоҳад ба хонаи хобашон баробар дароянд. Аммо қариб ҳар дафъа ё зарфшӯӣ, ё ҷомашӯӣ, ё дарзмолӣ, ё ягонтаи дигар аз ҳазору як кори хона андаке зиёдтар аз меъёр кашол мешавад. Саидбек низ барои он ки бекор намонад, курсиҳои хонаи калонро, рӯзнома ва китобҳои ҳар ҷо-ҳар ҷо парешон хобидаро чо ба ҷо мекунад. Ниҳоят, дигар машғулоте барои ӯ боқӣ намемонад ва ӯ даромада ба рӯи бистараш меёзад.
Гӯш ба садоҳои ошхона дода, мунтазир мехобад. Гоҳо дилтанг мешавад, аммо тоқат мекунад. Эҳтимол, аксари занҳо ҳамин хел бошанд, яъне қасдан чунон кордоре кунанд, ки шавҳарон лаҳзаи висолро ҳар дафъа ана ба ҳамин тариқа бесаброна интизорӣ кашанд, аз дил мегузаронад Саидбек.
Ниҳоят, садои пасти ба зарфшӯяк расидани табақу косаҳо, қошуқу чангчаҳо низ қатъ мегардад. Нигор муддате онҳоро бо сачоқ пок карда, дар ҷевон ҷо ба ҷо мегузорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё