Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сонӣ садои шириққӣ хомӯш шудани чароғи ошхона ба гӯш мерасад. Лекин акнун чароғи ташнов фурӯзон мешавад. Нигор дасту рӯ шуста, ба рухсораш ҳар гуна кремҳо мемолад.
Саидбек ин кори занашро намеписандад. Ҳамин ки ба паҳлӯяш омад ва ӯро ба оғӯш кашид, илтимос, начаспед, мегӯяд, кремолуд мешавед, мегӯяд.
– О барои чӣ мемолӣ? Ҳар рӯзи худо крем мемолӣ? – дилтангона мепурсад Саидбек.
– Пир нашавам, гуфта мемолам. Дар рӯям ожанг пайдо нашавад, гуфта. Мабодо ба ягон зани дигар ҳавасатон равад, гуфта крем мемолам, – батафсил ҷавоб медиҳад Нигор.
– Воҳ, ту ин қадар дурандешӣ: нақшаҳоят камаш ба бистсӣ соли оянда рафта мерасанд.
– Набошад чӣ? Илоҷи воқеа, дадаҷонаш, қабл аз вуқӯъ бояд кард.
– Ӯҳ, ӯҳ, аз Госплан ҳам ту дурандештар-э...
– Хайр, начаспед, – дастони ба оғӯш кашидан омодаи шавҳарро мулоимона рад карда мегӯяд Нигор. – Шакара камаш нағз.
– Рост, лекин ба ин дараҷа камаш маза надорад.
– Дорад, дадаҷонаш, дорад, – бо ҳамон оҳанги нарми навозишомез мегӯяд Нигор, аммо акнун чандон муқобилат намекунад. Дар торикӣ рӯи сандуқчаи ҳамшафати катро палмоскунон руймолеро меёбаду креми рухсорашро пок мекунад...
Ба зану шавҳар шудани онҳо бародари хурдии Нигор, ҳамкурси худаш Султон сабаб шудааст. Саҳеҳтараш феълу хӯи як қадар ғайричашмдошту ғалатии вай боис шудааст.
Аслан табиати Султонро «як қадар ғайричашмдошт»
гуфтан кам аст.
Вай факултети иқтисоди сохтмонро хатм карда буд ва азбаски кори дипломиаш диққати мутахассисонро ҷалб намуд, ӯро ба идораи марказии Вазорати сохтмон ба кор гирифтанд ва дере нагузашта, хонаяки алоҳидае доданд.
Аввалҳои моҳи август буд. Саидбек аз рӯи аҳду паймони пешакӣ аз автобуси Норак фаромада, рост ба хонаи Султон омад.

пешина
аз 248
навбатӣ