Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба занги дар касе ҷавоб надод. Саидбек дарро оҳиста тела дод, кушода шуд.
– Ҳой хоҷаи боргоҳ! Овозатро барор, охир! – садо кард Саидбек. – Ё аз ваъда пушаймон шуда, кунҷи хоная иҷора гирифтӣ?
Боз садое набаромад. Саидбекро дил ба изтироб афтоду дари даромадро дар ҳамон ҳоли кушода бозмонда ва пойафзолашро накашида, ба даҳлез даромад.
Аз дари ошхона Нигор баромад. Чашмони шаҳлояш аз гиря сурх шуда, қавоқҳояш мушт-мушт варам карда буданд.
– Чӣ шуд, Нигор? Тинҷӣ?
– Тинҷӣ, ака, ба хона дароед. Акаам ҳозир меоянд, – баъди салом додан гуфт Нигор.
– Ту чӣ кор мекунӣ?
– Ош мепазам. Ҳозир биринҷ тоза мекардам.
Аз чӣ сабабе боз гиряаш омад ва духтарак зуд ба ташнов гузашта, муддате он ҷо бо оби хунук дасту рӯй мешуст, то осори гиряро аз рухсораш биравонад.
Баъд онҳо аз ду тарафи мизи майдаи ошхона нишаста биринҷ тоза мекарданд. Нигор он вақт ҳабдаҳсола буд. Саидбек ҳар замон дуздида ба чеҳраи арғувонии духтарак, ба гесувони сиёҳи майдабофти ба сари сина афтодаи вай назар меафканд ва дар дилаш мегуфт, ки аҷаб, дар байни як сол андоми Нигор ин қадар базебу дилкаш шудааст. Порсол тобистон Султону Саидбек ба деҳаи онон рафта, дар хонаи модар ва бародари калонии ӯ чанд рӯз истироҳат карда буданд. Саҳариҳо модар аз говҷӯшиаш баргашта, онҳоро бедор мекард ва маҷбур менамуд, ки шири навдӯшида биошоманд. Пас дар обанбори колхоз, ки махсус барои моҳипарварӣ сохта буданд, оббозӣ, моҳигирӣ мекарданд.
– Сангинуф, аз рӯи инсоф бигӯ, ҳамин хел кайфу сафоя аз кадом Кавказу Қрим ёфта метавонӣ?
– Аз ҳеҷ кадом кунҷи олам! – меғуфт Саидбек ба дили рафиқаш рафта.
Духтараки қадрас шуда буд он вақт Нигор, аммо пайкараш борики назарногири бачагона менамуд. Дар роҳгардиаш, дар ҳаракатҳо ва нигоҳаш аз он тамкини ҳаёомез ва фарри дилпазир, қи ҳоло аз андомаш ҳувайдост, ҳанӯз осори казоӣ дида намешуд.

пешина
аз 248
навбатӣ