Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
– Нигор аз имтиҳони асосиаш ғелидааст. Аз алгебра. Гиряву фиғонаш барои ҳамин. Аз як тараф, духтари калони баақлу фаросат, худат дида истодаӣ, ба ҳама чиз фаҳмаш мерасад, аз тарафи дигар – сад фоиз кӯдак! Гумон мекунад, ки осмон ба сараш парӯ шудааст. Боз гумон мекунад, ки акнун мо, ду бародар ҳам, ба вай қатӣ шуда, азо медорем, рӯмол ба даст гирифта, ҳой-ҳой мегирйем. Лекин хато мекунад. Мо, баръакс, хурсандӣ мекунем. Як дам сабр кун, Саид. Дар автобус шип-шилта арақ зер кард, як дакиқа ба таки душ дароям. Сонӣ ба ту мефаҳмонам, ки барои чӣ хурсандӣ мекунем. Нигор! – банохост ба сӯи ошхона хитоб кард Султон. – Як кафгир аз зирбакат биёр, ҷигарам. Яхдона кушо, ҳар чиз дорӣ, кашон ба пеши ин мардак. Меҳмон аст вай ба ҳар ҳол.
Пас аз лаҳзае аз ташнов шарроси об ва нидоҳои баланди шахси бо ҳаловат оббозикунанда ба гӯш расид.
Азбаски ҳамон як соати меҳмонии Саидбек дар хонаи рафиқаш ба тақдири минбаъдаи ӯ осори куллие дошт, ҳар як дақиқаи он бо возеҳияти тамом дар лавҳи хотираш нақш бастааст.
Султон аз ташнов баромада, мӯи сарашро роҳравон шона зада, ба сари дастархон омад. Ба ду қадаҳи майда арақ рехта гуфт, ки хоҳиш мекунад аввал барои саломатӣ ва ояндаи хоҳаракашон Нигор бинӯшанд. Вай аз имтиҳон афтода, бисёр зиқ шудааст, гуфт Султон, пас маълум мешавад, хиҷолат мекашад, яъне ки нангу номус дорад, виҷдонаш азият медиҳад, аз модар, бародар, дугонаҳояш, аз ману ту ҳам шарм медорад. Модом, ки виҷдон дорад, ҳама кӯтоҳиҳо бартараф, хатоҳо сад фоиз ислоҳ мешаванд. Барои рӯзҳои хуши минбаъдаи хоҳараки дилсӯзи ман!
Қадаҳҳоро холӣ карданд. Султон боз гуфт, ки аз имтиҳон афтоданаш айби худи духтар аст. Вай, яъне Султон, ба ӯ аз синфи нӯҳум инҷониб саду панҷоҳ карат гуфтааст, ки хондана давом додан хоҳӣ, ё ба институти тиббӣ бирав, ё педагогӣ. Ба ҷавонзанҳо, хусусан ба Нигор барин духтарони баҳушу заҳматкаш касби муаллимӣ ё духтурӣ мезебад. Худатон тасаввур кунед, рафиқон, аз мошини ёрии таъҷилӣ табибаи нозанине яктаҳи сафед дар тан, стетоскопи ҷилодоре дар гардан фаромада, ба хонаи бемор шитобон мехиромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё