Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Ин хел духтура дида, касали сад фоиз мемурдагӣ ҳам дубора зинда мешавад. Ё муаллимаи қишлоқа гирем. Дар иҳотаи бачаҳои офтобхӯрдаи деҳот тасаввур кунед, рафиқон, чӣ манзараи хушрӯ! Дилкаш! Эҳ! – бо ҳарорат хитоб кард Султон ба қадаҳҳо боз андак-андак шароб рехта. – Саид, ту шунидаӣ, ки дар имтиҳони қабул ба касе барои иншо баҳои «панҷ» монда бошанд? Не! Фақат аҳён-аҳён. Нигор аз иншо панҷ гирифт! Ту ҳоло як сӯҳбат карда бин, чӣ хел доно шудааст. Лекин аз фанҳои иҷтимоӣ. Ана аз алгебраи даҳанакӣ «ду» гирифт. Ду! О ба духтарҳо кӣ мондааст институти хоҷагии қишлоқа! Боз факултети механизатсия.
Хайр, рӯята турш накун, фарз кардем, саҳле ифрот шуд. Аз занҳо ҳам инженери деҳот лозим, лекин...
– Ака, акаҷон, – бо овози паст сар аз пеши бар набардошта гуфт Нигор. – Муаллим на аз барои надонистанам «ду»
монданд, аз барои равшан ҷавоб дода натавонистанам.
– Ана, дидӣ, аз асп фарояд ҳам, аз узангу по намеканад.
Ҳамаи ин меваи насиҳатҳои ширини модар, бародари калониамон.
– Султон, ту чиҳо мегӯӣ? – даҳон ба эътироз кушод Саидбек.
– Чӣ гуфтанама сад фоиз медонам. Бародари калонӣ – устоди пахта, ордендор, фалону бисмадон. Модар говҷӯши номдори водӣ. Ин кас ҳам ордендор, вакили анҷуман, депутат ва ҳоказо. Бародари хурдӣ чӣ? Унвон дорад? Не. Орден дорад? Не. Яъне мангар ки чӣ мегӯяд, бингар ки кӣ мегӯяд.
– Ака, акаҷон... – боз бо ҳамон овози пасти илтиҷоомез чизе гуфтан мехост Нигор, аммо бародараш гап заданӣ намонд ва ба Саидбек рӯй оварда гуфт:
– Аз гиря варам кард. Маҷбур шудам, гардани хор – хорон рафта илтимос кардам, ки ба шӯъбаи ғоибона гузаронанд. Қариб ҳал шуд масъала, аммо боз фардо ҳамроҳаш, – ӯ ба сӯи хоҳараш сар афшонид, – рафтан лозим. Инҳо аз ҳашамати мактаби олӣ, аз салобати профессорҳо метарсанд.
Ростӣ, дар вақташ худамон ҳам чандон шердил набудем..
Султон даме андешаманд хомӯш монд.
– Фардо саҳарӣ ба Ленинобод меравам, Саид. То пешин бояд дар Мастчоҳ бошам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё