Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
«Одоби шарқиатонро шӯрбо карда хӯред. Ош шавад! Мана лекин маъзур медоред,
– борҳо гуфтааст вай. – Мардони хирад гуфтаанд: одоб зиндони ихтиёрист. Боз мегӯям, маъзурам доред, ман озодӣ мехоҳам... »
Саидбек бо вуҷуди он ки феъли рафиқашро хуб медонист, тамом моту мабҳут шуда буд. Маҷоле надошт ки забон ба сухан кушояд.
Нигор дар табақчаҳо бодирингу помидори реза овард.
– Исто, ҷигарам, – аз ҷой бархоста ва Нигорро аз китфаш оғӯш. карда гуфт Султон. – Туро имсол набошад, соли оянда, хайр, ана бирав, баъди ду-се сол ба шавҳар медиҳанд.
Магар ҳамин акаи Саидбекат йигити хуб нест?
Нигор дар як они воҳид суп-сурх шуд, рӯяшро бо дастони нозуки сафедаш пӯшиду сар хам кард, лаҳзае дар ҳамин ҳол истоду пас ҳунгосзанон гирист ва боз ба ташнов бирафт.
– Маст шудаӣ, ошно! – бо овози баланд ва бо шиддат гуфт Саидбек низ аз ҷояш бархоста. – Медонам, ту ҳамин хел х-х-... ӯ забон хоида, аз гуфтани калимаи таҳқиромез базӯр худдорӣ кард, – ҳамин хел беандешагиҳо дорӣ. Ба хаёлат, тарзи гуфтугӯи ту шакли нави одоб аст. Лекин, ошно, навигарӣ ҳам эбаш – катӣ. Хайр, ман-ку одат кардаам.
Нигори бечора чӣ гуноҳ дорад?
– Хайр, шинед, шинед. Мо ҳам шумоя сад фоиз медонем.
Шукр, шаш сол шуд. Нону ҷурғоти олама ба ҳам дидем. Вай ҷӯраи ҷони пешонифарохатон... Ҳоло чӣ буд?.. Вай Давид Салим барин гапа ғоз дода, аз таг фонаю аз рӯй шона мезадем, ба шумо мефорид. Мебахшед, мо устои декоратсия нестем! – бонг зад Султон. – Буду шуди мо ҳамин!
– Афсӯс ки ҳамин. Ҳа, сад афсӯс! – Саидбек ҳам акнун барои хиҷолат доданаш ниқор мегирифт. – Ба шир омада ба ҷон меравад, гуфтаанд.
Саидбек ба даҳлез баромад, кулоҳи хасинашро аз мех гирифта, ба сӯи дари нимроғи ташнов бо авози баланд гуфт:
– Нигор, пагоҳ соати ҳашт меоям. Ба институт меравем, – ва аз дар баромад,
– Чӣ, ба ростӣ меравӣ? Яъне, ки ароз кардӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё