Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Саидбек чизе нагуфта, аз зина поён рафт. Аз дунболаш Султон «Э калла! Ин каллая тамошо кунед» мегуфт. Саидбек ба гардишҳои мобайни ошёнаи дуввум ва баромадгоҳ расида, муддате таваққуф кард. Ба худ гуфт, ки ҳоло кори беҷое кард. Султон он чизеро гуфт, ки дар замири дили Саидбек ниҳон буд, чизе ки худи Султон ҳам, аз афти кор, аз таҳти дил мехоҳад. Воқеан вай тобу тавони сохтакорӣ надорад. Пас Саидбек аз чӣ ранҷид? Аз тарзи ноҳинҷор, тарики дар урфият қабулнашудаи гуфтори рафиқаш? Хайр, охир, худаш ба рӯяш гуфт, ки ба шир омада ба ҷон меравад. Боз чӣ лозим? Оё ҳамин дам фурсати муносиби «тарбияти» Султон буд? Дар оилаашон, ҳатто дар авлоди калонашон танҳо худаш ҳамин хел зоғи ало барин пайдо шуда, ба сари худ ба воя расидааст. Ранҷида баромадани Саидбек магар мисли он нест, ки ба кайк ситеза карда, пӯстинро ба оташ андозанд?
Саидбек пас гашта, ба хонаи Султон омад.
– Сад фоиз бовар дорам, ки як рӯз не, як рӯз ақли ҳар дуят ҳам медарояд, – бо оҳанги музаффарона эълон кард Султон ва қадаҳҳоро аз шароб пур кард...
Соли дигар баҳорон Бузург омад. Саидбек ӯро дар аэропорт дида, ҳайрон шуд: нахустин бор медид, ки бобо орденҳояшро ба сари сина овехта, аз болои он яктаҳи қаҳраборанги абрешимин пӯшида буд.
Пирамард ӯро дар пеши панҷарадевори аэропорт сахт ба оғӯш кашида, аз рӯи одаташ муддате аз оғӯш раҳо накард, китфу бозувони расои набераашро молид, аз сару рӯяш бӯсид ва бо садои изтиробомез гуфт:
– Офарин, Бек. Кайҳо боз нигарони ҳамин рӯз будам, ки барои хонадоркуниат ба хостгорӣ биравам. Пире ки ба чунин рӯз расидааст, аз тақдираш бояд розӣ бошад. Ба хаёли мани пир ҳамту. Хайр, шуд, рафтем. Не, – боз гуфт бобо қомати баландашро аз нав рост гирифта ва даст ба ришу фаши салобатноки нурониаш бурда: – Аввал ба ман устои нағзи сартарош ёфта медиҳӣ!
Саидбек ӯро ба сартарошхонаи аэропорт ҳидоят намуд.
Бобо аз паси тиреза ба кори ду усто – як чавонписар ва як зани миёнсол дақиқае назорат карда истоду «Намешавад»

пешина
аз 248
навбатӣ