Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

гуфт. Ба таксӣ савор шуда, ба маркази шаҳр омаданд. Дар ду ҷой аз таки дар ба қатори устоҳои машғули кор ё мунтазири мизоҷон бекорнишаста нигоҳ кард-нигоҳ карду берун баромад. Ниҳоят, устои дилхоҳашро аз канораи шимолии шаҳр аз як дӯкончаи назарногири деворҳояш фанерӣ дарёфт ва мӯйсарашро тарошида, ришу мӯйлабашро қайчӣ занонид.
Сипас гуфт, ки ба хосггорӣ ҳамраҳи ёру ошноҳои худаш меравад.
– Кадом ошноҳо. Бузург? Ҳамонҳое, ки дар Ҳисоранд?
– Ҳа, дар Ҳисор. Ба чӣ ҳайрон шудӣ? Вақтат набошад, худам меравам. Соле ки ба ин ҷоҳо ман равуо доштам, ҳатто падарат дар шиками очааш набуд. Бобои ту, Бек, ҳоло ягон бор раҳаша гум накардааст. Ба хаёли мани пир, ана ҳамту.
Хайр, тоз, таксия дошта биё.
Чаҳор рӯз дар райони Ҳисор ва деҳоти дараи Қаратоғ гузашт. Саидбек дар дилаш мегуфт, ки хайрият бармаҳал ба таътил баромада будааст. Вай ҳаргиз гумон надошт, ки Бузург ба масъалаи хостгорӣ ва тайёр кардани ин тадбир ин қадар эътибори калон медиҳад. Гӯё вай вакили мухторе бошаду ба мамлакати ҳамсоя камаш барои ҳалли муаммои ҳаёту мамот мерафта бошад.
Боборо аз саҳар то шом гоҳ ба ин боғу гаҳе ба он ҳавлӣ ба меҳмонӣ мехонданд. Як ҷӯрааш, кулоли пире гӯсфанд кушт. Ҳар рӯз боборо ҷома мепӯшониданд. Аз пушти шолӣ об хӯрдани курмак барин дар як ҷой ба Саидбек ҳам ҷома пӯшониданд.
Ниҳоят, «ҳайати вакилон» тартиб ёфт. Як узваш ҳамон кулоли пир, мӯйсафеди ҳанӯз зиндадили сӯҳбаторо буд. Дигараш пирамарди монанди Бузург қадбаланд, кулӯтариш, аммо камсухане буд, ки аз замони инқилоб то ибтидои Ҷанти Бузурги Ватанӣ сарвари кадом як муассисаи асппарварӣ будааст ва агар ба сӯҳбат қатӣ шавад ҳам, фақат аз рӯйдодҳои ба аспу асппарварӣ вобастаи ҳамон давра чанд калима мегуфт.
Бузург аз хостгорӣ баргашта, аввал ҷӯраҳояшро хона ба хона гуселонид. Баъд ба хобгоҳи набера омада ӯро муборакбод гуфт. Гуфт, ки интихобаш ба ӯ маъқул аст, хонаводаи арӯсшаванда хонадони бамаънӣ будааст.

пешина
аз 248
навбатӣ