Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Давид Салимич – Сардор!
– Рафиқон, оҳистатар, – муноқишаро пасанда кардан мехост котиб. – Сангинов, шинед, бародар, ҳамаи масъалаҳоро бо оҳистагӣ, ба нармӣ. ҳал кардан мумкин.
Саидбек ба курсии нишондодаи котиб нишаста бошад ҳам, бо ҳамон ҳарорати пешина пурсид:
– Рост, ту сардори қитъа, аммо коргари бригадаро чаро мегирӣ?
– Қоида ҳамин, ошно: аз бригада ба қитъа, аз қитъа ба колонна, аз. колонна ба трест. Схемаи ҳаракати кадрҳо ҳамин. Ин ихтирои ман нест.
– Боз чӣ? Боз аз куҷо ба куҷо?
– Машмаша накун. Таомул ҳамин: одам ки сабзиду пешрафте нишон дод, боло меравад. Дар ҳама ҷо ба як тартиб: аз колхоз ба район, аз район ба вилоят, аз вилоят ба пойтахт, – гӯё кинояи Саидбекро пай набурда, ҳамчунон мисолҳои нав меовард Давид Салимич.
– Аммо Умар ба гӯшаи хилвати Кашолдара аз пойтахт омада буд. Аз оташдони электри ресторан ба оташдони дудолуди сангини мо ихтиёрӣ омад. Ба хотири бригадаи мо омад. «Схемаи ҳаракати кадрҳо... » Ба оши тайёр баковул мӯл. Кадр лозим бошад, тарбият кардан лозим. Кофтан, ёфтан даркор марди коргара.
Котиба аз дар сар халонида ба Давид Салимич ишорае кард ва ӯ «ман дар кабинети худам» гӯён шитобон бадар рафт. Саидбек низ мехост аз дунболаш барояд, котиб ӯро аз бозу дошта ба нармӣ ба курсӣ пас нишонид.
– Рафиқ Сангинов, – гуфт ӯ. – Ба ростӣ, ҳоҷати ин қадар безобитагӣ нест. Боз мегӯям, муаммое нест, ки ба оромӣ ҳал кардан мумкин набошад. Хусусан барои шумо, васлгарони номии ташкилоти мо, ки аз корҳотон, аз шӯҳрати шумо сарфарозиҳо дорем.
Саидбек аслан нияте дошт, ки агар сардор фармонашро дигар накунад, ба котиби ташкилоти партиявӣ муроҷиат хоҳад кард. Аз ин сабаб онҳоро якҷоя дида, то андозае таскин ёфта буд. Аммо акнун медид, ки котиб ба амали қатъӣ қобил нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё