Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Ба даҳони сардор менигарад. Фақат мехоҳад, ки мунозира нашавад, гапи хона ба кӯча набарояд. Котиб бо оҳанги сулҳомез ҳамчунон сухан мекард, ҳусни касби васлгаронро тавсиф карда, ба осмонҳо мебаровард. Вай аслан одами ғароибтабиате буд ва чи дар сӯҳбатҳои хоса, чи дар ҷамъомадҳо ибораҳои бошукӯҳи тумтароқ гуфта, худ ба худ завқ мебурд. «Корҳои аҷоибе ки васлгарони мо мекунанд, мегуфт ҳоло, дар таърихи кишварамон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд шуд. Шумо ҳалқа ба гӯши кӯҳсори саркаш мезанед, мегуфт котиб, гесӯи нурбори истгоҳҳои барқро ба синаи кӯҳсорон, ба домани фарохи водиҳо мекашед...»
Ба ин шахс чӣ навъ дарди дил изҳор мекунӣ? Дар лаҳзае, ки ӯ дар хусуси ҳарфҳои заррин дар саҳифаҳои таърихи мамлакат ҳарф мезанад, дар бораи гӯшвораҳои афсонавию гесувони нурафшон сухан мепардозад, ба чӣ тариқа аз хусуси ошпази оддӣ гап мекушоӣ? Чӣ гуна ба ӯ мефаҳмонӣ, ки сардори мӯҳтарам метавонист бригадаи ӯро аз коргари дилхоҳаш маҳрум насохта, барои бригадае, ки дар сарҳади республикаи бародар кор мекунад, якта не, даҳта номзади мувофиқ пайдо кунад? Сардор ин корро қасдан кардааст, дидаву дониста кардааст, барои расидан ба нафси Саидбек кардааст. Оё котиб он маҷлиси партиявиро, ки Саидбек аз номзадӣ ба аъзоии партия қабул мешуд, дар ёд надорад?
Вақте ки Саидбек тарҷумаи ҳолашро гуфта дод, Давид Салимич луқма партофт: «Чунон ки дидед, рафиқон, Саидбеку мо ҳаммактабу ҳамсабақ будем, акнун ҳамкор ҳам шудаем».
Ин луқма муҳити ҷиддии сӯҳбатро як қадар нармтар гардонид, эътибори Саидбекро дар назари ҳозирон як парда болотар бардошт. Аммо аз мобайн як дақиқа нагузашта, раиси маҷлис пурсид, ки оё ба рафиқ Сангинов касе савол дорад? Ва боз худи Давид Салимич ман савол дорам, гуфт.
«Рафиқ Сангинов аз охирин ихтирооти институти ба номи Патон чиҳо медонанд?» гуфт. Саидбек аз ҳаёти ҳар ду академик Патон – падару писар, аз корҳои институти ба номи Патон нағз воқиф буд ва низ медонист, ки аз ин нуқта бештар аз ҳама Давид Салимич огоҳ аст. Вай ба ҷои ҷавоб дода, ҷони худро вораҳонидан ба андеша рафта буд, ки чаро сардораш, собиқ рафиқи ҳамтаҳсилаш дар маҷлиси партиявӣ ба ӯ аз як шохаи махсуси илм савол медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё