Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
дохил шудааст ва ҳоло ҳамчун ифодакунандаи макон танҳо дар таркиби калима меояд"12.
Суффикси -гоҳ бо исмҳо ҳамроҳ шуда, номи предмет ва макону ҷойро ифода намудааст ва дар асар серистеъмол мебошад: чунон иморату дастгоҳе буд, ки ақл ба куллӣ моту маҳв мешуд (с.
75). Намоишгоҳ ҳам, ки дар васати иморати театр аст, хеле вусъат ва бузургӣ дошт (с.88). Чилави он як майдонгоҳи бисёр васеи босафоест (с.110).
Дар асар баъзан суффикси -гоҳ барои ифодаи замони амал ва иҷрои кор истеъмол шудааст: Истиқомати банда бештар дар Ҳӯқанд буд, вале дар соири шаҳрҳои Фарғона ҷиҳати харидгоҳ рафта чанд рӯзе мемондан (с.186).
Суффикси -зор ба исмҳои ифодакунандаи растанӣ ҳамроҳ шуда макони бисёр ва анбӯҳ будани онҳоро ифода кардааст. Ин суффикс дар забони адабии ҳозираи тоҷик низ ба ҳамин вазифа истифода карда мешавад. Ин суффикс дар асар серистеъмол аст: дар атрофи хонаҳои худ дарахтзорҳо ва ҷангалзорҳо сабз кардаанд (с.15).
Байни роҳ тамоми обдору алафзор аст (с.213).
Исми чашма дар забони адабии ҳозираи тоҷик бо суффикси
-сор меояд, дар забони "Туҳафи аҳли Бухоро" бо суффикси -зор омада ҷамъро ифода кардааст: Оби ҷорӣ аз кӯҳу чашмазорҳои наҳр канда овардаанд (с.15). "Боржуи" яке аз яйлоқот ва чашмазори оби маъдан аст (с.28).
Суффикси -истон. Ин суффикс бештар дар сохтани номи мамлакатҳо истеъмол шудааст: Яке аз соҳибмансабони ғайури Афғонистон аст, ки солҳост дар Ҳирот сархидмат мебошад (с.138).
Вокзали Тошканд яке аз вокзалҳои бузурги маъмури Туркистон аст (с.10).
Суффиксиҳое, ки исмҳои абстракт сохтаанд. Исмҳои абстракт дар асар ба воситаи суффиксиҳои зерин сохта шудаанд:
а) суффикси -ӣ серистеъмол мебошад. Вазифаи ин суффикс аз як исм исми дигар ва ё аз дигар ҳиссаҳои нутқ исм сохтан аст, ки дар натиҷа исми аввалии конкрет ё дигар ҳиссаи нутқ ба исми абстрактмаъно соҳиб шуда амалиёт, хусусияту макон, замон, касбу кор ва аломатро дар якҷоягӣ бо предмет ва ё ҷудо аз предмет ифода мекунад:
Дар ободӣ ва хубӣ беназир аст (с.249). Ҳама чиз аз хӯрданӣ ёфт мешавад (с.180). Ӯ бо банда хеле дӯстӣ дошт (с.218). Он

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё