Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

рӯз бисёр шодиҳо, хурсандиҳо ба миллати зулмдидаи Исфаҳон рӯ дод (с.257).

Баъзе калимаҳои русӣ, ки як ҷузъашон тоҷикӣ аст, низ ин суффиксиро қабул кардаанд: кӯча ва хиёбонҳои он васеъ ва шосекорӣ мебошад (с.250). Чӣ тавре ки дида мешавад, суффикси -ӣ дар сохтани исмҳои абстракт аз забони адабии ҳозираи тоҷик фарқ намекунад.

б) Суффикси -гӣ. Дар адабиёти классикӣ бо суффикси -гӣ сохтани исмҳо камистеъмол аст. То ибтидои асри ХХ суффикси мазкур дар асарҳои насрӣ ва назмӣ кам истеъмол мешуд. Дар асарҳои насрии ибтидои асри ХХ суффикси -гӣ фаровон истеъмол шудааст. Дар "Туҳафи аҳли Бухоро" суффикси -гӣ серистеъмол буда, бо исмҳо ва дигар ҳиссаҳои нутқ якҷоя омада, характер, сифат, амалиёт ва хислатро ифода мекунад: Барбарӣ ҳам дар тахтаи бозор хеле дида шуд, ки ҳама ба ҳоли парешон фаълагӣ мекарданд (с.200). Осоре аз кӯҳнагӣ дар ҳеҷ ҷои он дида намешавад (с.41) борандагӣ хеле мешуд (с.246).

в) Суффикси -гарӣ. Дар сохтани исмҳои касбу кор, номи ҳодиса ва амали абстракт истеъмол шудааст:

Аз рӯи таомули савдогарӣ ҳукм бикунанд (с.344). Асбобҳоро болои тамоми боргарӣ намуда... баъзеро ба андарюн ҷо ба ҷо намуда ... (с.12). Ин суффикс бо калимаи русӣ-интернационалии кӯнсул низ калимаи нав сохтааст: Ду нафар ғулом аз кӯнсулгарӣ бо як фойтун омаданд (с.131). Мутахассисони кӯнсулгарӣ ҳам аз таҳсин хориҷ шуданд (с.319).

г) Суффиксҳои -ият, -иш, -чигӣ. Ин суффиксҳо исмҳои абстракт сохтаанд: Бо мардуми авлиёато ҳам шиносият пайдо кардам (с.19). Рӯзҳо дар шаҳри қадим рафта гардиш намуда, боз ба шаҳри тоза наомадам (с.11). Аз Тошканд, ки равонаи роҳ шудем, русе, ки дилҷончии мо буд, гӯё тоза фойтунчигӣ намуда, қадре нобалад буд (с.13).

д) Дар "Туҳфаи аҳли Бухоро" суффикси -ча асосан барои ифодаи хурдӣ ба кор бурда шудааст: мисолҳо: кораш ба фалокат расида бозичаи дасти дували Аврупо гардидааст (с.38).

Дар асар ғайр аз суффиксҳои номбаршуда инчунин суффиксҳои -вар, -бон, -а, -ок, -она дида мешаванд ва аз рӯи вазифа он чи дар забони адабии имрӯзаи тоҷик доранд, мувофиқат мекунанд.

е) Суффикси -уф (-ев). Ин суффикси дар асар камҳсул аст.

пешина
аз 159
навбатӣ