Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Вай аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ дохил шудааст. Мирзосиро-чи Ҳаким, ки забони русиро хеле хуб медонист, дар сохтани фамилияҳои русӣ ва тоҷикӣ суффикси -ов, -ев-и русиро дар шакли халқии гуфтугӯӣ -уф, -йуф истеъмол намудааст. Ин суффикс ба исмҳои хос - номҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳамроҳ шуда фамилия сохта-аст: фамилияи мо ҳам Мирзохуруф аст (с.330). Пулковник Яҳуф ҳукм кард, ки маҷлисро муҳосира кунанд (с.299). Аз истансаи Гарчикуф, ки истгоҳи роҳи оҳани Маррелон аст, хати роҳи оҳа-ни алоҳида кашидаанд (с.8). Хизмати нависанда дар он аст, ки ӯ аввалин шуда дар таърихи забони адабӣ ин суффиксиро ба шак-ли халқии гуфтугӯияш кор мефармояд.

Суффикси -лар. Ин суффикс ӯзбекӣ буда дар забони ӯзбекӣ маънои ҷамъро ифода мекунад. Суффикси мазкур дар таркиби кали-маи ӯзбекии чекиш омадааст ва зоҳиран номи ҷоро ифода карда-аст: Туркманони чекишлар зироат ҳам мекунанд (с.69).

Хулосаҳо доир ба ҷамъбандӣ ва суффиксиҳои исмисози “Туҳа-фи аҳли Бухоро”:

  1. Дар “Туҳафи аҳли Бухоро” исмҳои беҷон ва ҷондор бо суффикси -ҳо 2313 маротиба ҷамъ баста шудаанд.

  2. Суффикси -ҳо на танҳо бо калимаҳои тоҷикӣ, балки кали-маҳои русӣ-интернационалӣ низ ҷамъ бастаанд (137 бор).

  3. Суффикси -ҳо дар асар 68,1 %-и ҷамъбандиро ташкил ме-кунад.

  4. Суффикси -он (-гон, -ён, -вон) 21,2 %-ро ташкил ме-кунад.

  5. Суффиксиҳои ҷамъбандии арабӣ (солим ва шикаста) танҳо 10,7 %-и ҷамъбандиро дарбар мегиранд.

  6. Дар забони асар ҷамъбандии тоҷикӣ мавқеи асосиро на-род мекунад.

  7. Тарзи морфологии сохта шудани ҷамъи исмҳо дар забони тоҷикӣ бо ҳама навигарӣ ва инкишоф маҳсули тараққиёти ҳазор-солаи забон ба шумор меравад.

  8. Тарзи истифодаи ҷамъбандӣ дар айни як исм ҳам бо суф-фикси -ҳо ва ҳам бо -он бо забони адабии ҳозираи тоҷик мувофи-қат кардани забони “Туҳари аҳли Бухоро”-ро нишон медиҳад.

  9. Суффикси ҷамъбандии -он назар ба вариантҳои худ -гон, -ен, -вон серистеъмол буда, ба воситаи суффикси -он исмҳои предметҳои ҷондор ва беҷон ҷамъ баста шудаанд.

пешина
аз 159
навбатӣ